Аксияи тозагӣ дар “Донишгоҳи давлатии Данғара”

       Санаи 29.08.2024 бо иқдоми ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Данғара”, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ дар ҳошияи омодагӣ ба соли нави таҳсили 2024-2025 – Рӯзи Дониш ва Дарси сулҳ дар Донишгоҳи давлатии Данғара аксияи “Тозагӣ дар муассиса” баргузор карда шуд.

      Дар аксияи мазкур ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳ фаъолона ширкат намуда, дар тозагии саҳн, утоқҳои корӣ, синфхонаҳо, гирду атрофи биноҳои таълимӣ ва кучаҳои Советӣ, Марказии ҷамоати шаҳраки Данғара саҳми худро гузоштанд.

     Мақсад аз ташкил ва баргузории чорабинии мазкур тозаву озода нигоҳ доштани муассиса ва омодагӣ ба соли нави таҳсили 2024-2025 – Рӯзи Дониш ва Дарси сулҳ, таъмини иҷроиши дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.