Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!

        29 август дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияташон натиҷаҳои шоистаи таҳсин доранд, мукофотҳои олии давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахрӣ супориданд.

       МУЗАФАРЗОДА ДАВРОН МАҲМАДШАРИФ – номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент, мудири кафедраи агротехнологияи Донишгоҳи давлатии Данғара дар асоси қарори Кумитаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф дар соли 2024 барои дастовардҳо дар самти фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ баранда гардида, ба Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дипломи №0047 ва мукофотпӯлӣ дар ҳаҷми 20 000 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.

    Коллективи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Данғара Устоди азизро, ба дастоварди навбатиашон муборакбод намуда, дар фаъолияти кории минбаъда комёбиҳои назаррас хоҳонем.