Тамошои дастаҷамъонаи "Рӯзи Дониш ва дарси Сулҳ" дар Донишгоҳи давлатии Данғара

       Субҳи 1 сентябр дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Данғара тамошои дастҷамъонаи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва дарси Сулҳ, ки дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 19-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид, сурат гирифт.

      Қабл аз оғоз, раиси ноҳияи Данғара Саломзода Сиҷоуддин ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳро ба фарорасии соли нави таҳсили 2024-2025 ва Рӯзи Дониш табрику муборак бод гуфта, фаъолияти баланди меҳнатӣ, таҳсили самаранок ва расидан ба муваффақиятҳои назаррас таманно намуданд.

      Ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Данғара”, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ итминон намуданд, ки коллективи меҳнатии Донишгоҳ дар соли нави таҳсили 2024-2025 баҳри татбиқи босамари сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба бозори озоди меҳнати ватанӣ ва байналмилалӣ талош хоҳанд кард.