Терроризм ва ифродгароӣ

Дар паёми ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироакардаашон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Призденти мамлакат,муҳтарам Эмомали Рахмон изхор доштанд ,ки “соли 2017 дар гӯруҳои гуногуни олам ноорамиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷахони ҳамчун аёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра диёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии терористон ва ифроитгароён карор гирифт”
Терроризм амали нангинест, ки ҷомеаи ҷаҳониро сахт ба ташвиш овардааст. Ҳамасола ҳазорон нафар одамони бегуноҳ аз амали террористон ҷони ширини худро аз даст медиҳанд.
Террористон ба ягон шимату дину мазҳаб мансуб набуда, онҳо амалиётҳоеро пиёда мекунанд, ки иборат аз куштору сӯхтор ва даҳшатфиканист.
Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид хотирнишон кардааст, ки аз амалҳои террористӣ дар панҷ соли охир сесад ҳазор одамон ҳалок ва беш аз як миллун одамон ҷароҳат бардошта, ҳисорати воридгашта аз амалҳои террористӣ ба як миллиард доллар баробар аст.
Мувофиқи маълумот аз соли 1982 то соли 2002 дар ҷаҳон наздики 300 амали террористӣ аз ҷониби террористонӣ худкуш аз тарафи 11 ташкилот роҳандозӣ карда шудааст, ки дар натиҷа беш аз 3000 нафар ба ҳалокат расидаанд. Аммо дар як соли 2011 дар маҷмӯъ, дар 70 давлати ҷаҳон зиёда аз 10 ҳазор амали террористӣ ба вуҷуъ пайваста дар натиҷаи онҳо зиёда аз 12,5 ҳазор одам ҷон бохтаанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки терроризм ҳамарӯза домани нопоки худро восеъ намуда имтодааст.
Шинос намудани насли наврас бо симои ҳақиқии террористон ва мафҳуми “террор” вазифаи мактабу ҷомеа маҳсуб меёбад. Шогирдони мактаб бояд донанд, ки террористон душманони ҳақиқии сулҳу озодӣ ва ваҳдати миллатҳои дунёанд.
Амалҳое, ки онҳо иҷро менамоянд аз доираи ахлоқу адаби инсонӣ берун буда, ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳлука овардааст. Террористон аксари вақт худро “ҳамӣ”-и ислом муаррифӣ мекунанд, ки ин фикри бофтаю дурӯғин буда, дини мубини ислом террор ва амалҳои террористиро маҳкум карда, онро амалҳои шайтонӣ медонад.
Боиси таасуф аст, ки баъзан ҷавонони мо аз сабаби заиф будани ҷаҳонбиниву шуури сиёсӣ ва ҳамчунон, бо сабаби рушд наёфтани худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ дар ботинашон ба дами аъзои гурӯҳҳои террористӣ афтида, домани поки миллатро доғдор ва ҳаёти рангини худу наздиконашонро олуда месозанд.
Агар пеши роҳи чунин кирдорҳо гирифта нашавад пояи истиқлолият ва ваҳдати милли мо заиф мегардад.
Мушкили дигаре, ки сабаби моли шудани шаҳрвандон ба гурӯҳҳои террористӣ мегардад, нобаробарии дараҷаи дониши, фаҳмиш, ҷаҳонбинӣ, шӯурнокӣ ва маданияти сиёси шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад ва ин ба он сабаб гардида истодааст, ки баъзан шаҳрвандони мо ба моҳияти истиқлолият, худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ сарфаҳм нарафта ба сафи гурӯҳҳои иртиҷоии террористӣ мепайванданд.
Таърихи тулоние, ки терроризм дорад, он ба ҳар гуна роҳу шева зуҳур намуда, ин падида ҳазору панҷсад сол аст, ки дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон ҷаҳони ҳазорон одамони бегуноҳро рабудаю мебарад. Императорҳои Рим султонҳои Туркия, шоҳони Рус ва ғайраҳо қурбонии терроризм гаштаанд.
Терроризм, ки баъзан ба он либоси сиёси мепушонанд, ин натиҷаи сиёсатбозиҳои бемаънӣ аст, ки гурӯҳҳои ҷудогона ҳуқуқ ва қонуниятҳои давлатро зери шубҳа гузошта, барои ба ҳадафҳои шуми худ расидан, аз террор истифода карданӣ мешаванд. Дар чанд соли охир терроризм чун проблемаи рақами як дар ҷаҳони муосир шинохта шудааст.
Агар солҳои 80 – уми асри гузашта 800 ҳамлаҳои чашмраси террористӣ ба амал омада бошад, солҳои 90 – уми беш аз 900 ҳодисаҳои террористӣ аз рӯйи хусусияти худ сол то сол муташаккилонаю бераҳмона гардида, дар созмондиҳии он аз воситаи технологияи ҳозиразамон, истифода мегардад. Аз солҳои 60 – уми қарни XX терроризм ҳақиқатан характери таҳдидкунандаи доманадорро гирифт.
Аз давраи солҳои 1970 то соли 1985 дар Аврупо 3 ҳазор ходисахои террористӣ, рух дод, дар Амрикои Лотин 1573, Шарқи Наздик 1330 ва дар Шимоли Амрико 448 ҳадиса ва амалҳои террористӣ ба амал омаданд. Аз солҳои 1986 то рӯзҳои моафзоиши тедоди хамлаҳою ҳодисаҳои террористӣ дар нуқоти гуногуни ҷаҳон 50 то 60 дар садро нишон медиҳад. Иловатан ин шумор доимо зиёд гардида, одамони бегуноҳ мавриди ҳамлаҳои террористии бераҳмона қарор мегиранд.
Экстремизм – ё ки ифротгароӣ ин кору пайка рва амалӣ ифротии шахсонест, ки тавассути даъват мехоҳанд сохти конститутсиони шубҳа ворид намоянд. Ифротгароён баъзан ба даъватҳои пардапушона мехоҳанд ҳокимиятро ғасб карда, оташи миллатгароӣ, нажотпарастӣ ва баъбинии мазҳабро аланга зананд.
Экстремизм- ифротгароён бо амалҳои нопоки худ мехоҳанд ба шуури чамъиятӣ, иродаву психологияи ҷамъиятӣ, ахлоқ ва идеологияи давлат таъсир расонида, ҷомеаро ба роҳгумӣ андозанд, ҳизбҳои сиёсии муҳтадир, ки барномаи неруманди сиёсӣ – идеалогӣ доранд ва мардум онҳоро дастгири менамоянд, метавонанд аз ҷомеа андешаҳои Экстремистиро тамоман решакан намоянд.
Имруз дар назди мактаб вазифаи басо масулиятнок меистад, ки хонандагон симои ҳақиқии чунин неруҳои аҳриманиро донанду шиносанд. Донанд, ки дар чаҳон гурӯҳҳо ва чеҳраҳои манфур бо фанду фиреб ва таблиғоти хасмана ҷавононро ба созмонҳои террористӣ ҷалб мекунанд, ваъдаҳои онҳо дурӯғи маҳз буда, мақсадашон аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу кугдазеҳн афзоиши додани сафи гурӯҳҳои террористӣ мебошад. Терроризм чун руйдоди хавфноку басо зараровари замони муосир, кибо шаклҳои мухталиф доман паҳн мекунад, ҳамсафари доимии одамон гаштааст. Терроризм хушунат, нобоварию бадбиниро миёнти кишварҳо ва гурӯҳои иҷтимоию миллӣ тавлид намуда, барои бартарафсозии оқибатҳои он баъзан ҳаёту зиндагии як насл ками мекунад.
Қабили зикр аст, ки кӯдакон, наврасон ва ҷавонон табақаи муҳими ҷомеа буда, онҳо созандагон Ватан ба ҳисоб мераванд. Бинобар он Пешвои милллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон барои тарбияи солимии онҳо, пеш аз ҳама, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, арз гузаштан ба муқадасоти миллӣ ва дар вуҷуди онҳо парваридани зиракии сиёсӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода, мақсаду ҳадаф ба он нигаронида шудааст, ки насли наврас аз овони макттабхони баду некро фарқ карда тавонанд. Бидонанд, ки чунин хаёти осоишта барои мо ройгон ба даст наомадааст.
Дар як давраи муайян миллади мо бо зуҳуроти экстремистӣ ва ҷудоиандозону бадхоҳони миллат бо шуҷоату мардонагӣ мубориза бурдааст. Шумо, шогирдони макьаб. Кули ҷавонон генофонди миллат маҳсуб ёфта, вазифадорад, ки ҳамеша зиракии сиёсиро аз даст надиҳед. Ояндаи Ватан ва ободии он ддар оянда бар дӯши шумост.
Бояд хотирнишон кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрдории пойтахт барои тарбия ва ташакули ҳамаҷонибаи ҷавонон сол то сол тамоми шароитҳоро муҳайё месозад. Барои инкишофи маънавии наврасону ҷавонон солее даҳҳо мактабҳои типии нав, истироҳатгоҳҳо, бӯстонсаройҳо, майдонҳои варзишӣ. Ҳавзҳои шиноварӣ ва ғайра бунёд карда мешаванд. Вазифаи ҷавонону наврасон хондан, баланд бардоштани донишу маърифта ва саҳм гузаштан дар ободии Ватан аст.
Ҷавонону наврасони вазифадоранд дар пешгирии ҳар як зуҳуроти зараровару нангин нақши бориз дошта бошанд.
Шогирдони азиз, шумо ҳамеша баромадҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз телевизион мебинеду мешунавад. Сарвари давлат ҳамеша ҷавононро ба доштани зиракии сиёсӣ даъват мекунад, зеро ин омили посдории шаъну шуҳрати Ватан, якпорчагии он, таҳкими Ваҳдати миллӣ, болотар аз ҳама, худшиносии миллии ҳар кадоми мост.