Факултети идоракунии давлат ва ҳуқуқ

 

  • Исмоилзода Маъруф Искандар
  • Декани факултети идоракунии давлат ва ҳуқуқ
  • 20.10.1995 с.т., Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Email
  • Тел: (+992) 904-00-00-79
  • Суроға: ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ 25, К4/306

  • Ҳамидов Султон Бегмуродович
  • Эдвайзер оид ба таълим
  • 27.11.1995  Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Email: 
  • Тел: (+992) 900-81-19-11
  • Суроға: ноҳияи  Данғара, кӯчаи Маркази Б.3 402а

  • Ҷониев Саидамир Саидаъзамович
  • Эдвайзер оид ба тарбия
  • 26-11-1995  с.т., Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Email: 
  • Тел: (+992) 405-00-00-06
  • Суроға: ноҳияи  Данғара, кӯчаи Маркази Б.1 402

  • Кобулова Манижа Саидхуҷаевна
  • Оператор-ҳуҷҷатнигори факултет
  • 07-06-2004  с.т., Ҷумҳурии Тоҷикистон                       
  • Тел: (+992) 200-40-02-04
  • Суроға: ноҳияи  Данғара, кӯчаи Маркази Б.3 402а

 

 

                       

МАЪЛУМОТИ УМУМӢ ДАР БОРАИ ФАКУЛТЕТ

Фаъолияти факултети идоракунии давлат ва ҳуқуқ

         Факултети идоракунии давлат ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Данғара маркази асосии таҳсилоти олии касбии соҳаҳои ҳуқуқшиносӣ, идораи давлатӣ ва таърих дар қаламрави вилояти Хатлон ба ҳисоб рафта, дар тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, идораи давлативу таърих ва татқиқу омўзиши паҳлуҳои гуногуни илмҳои ҳуқуқшиносӣ саҳми назаррас гузошта, дар амалӣ намудани ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ мусоидат менамояд.

        Факултети идоракунии давлат ва ҳуқуқи дар татбиқи сиёсати давлатии тайёр кардани кадрҳо, иҷроиши барномаву стандартҳои давлатии ҳуқуқшиносӣ ҳамчун сохтори таркибии Донишгоҳи давлатии Данғара фаъолият намуда, таъмини устувор  ва босифати кадрҳоро дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, идораи давлатӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ, мақомоти судӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти ҳуқуқии корхонаву муассисаҳо, ташкилотҳо, бонкҳо, ташкилотҳои молиявӣ ва қарзӣ, макотиби олии ҷумҳурӣ ба роҳ мемонад.

        Факултети идоракунии давлат ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Данғара аз замони таъсис то ба имрўз дар самти  омода намудани мутахассисони болаёқати соҳаи ҳуқуқ, идораи мақомоти маҳаллӣ, идораи давлатӣ, омода намудани омӯзгорони соҳаи таърих ва ҳуқуқ ва таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони таърих ва ҳуқуқ нақши намоён мебозад. Дар замони истиқлол бо афзун гардидани шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фазои байналмилалии таҳсилот, пайдо шудани рақобати хизматрасониҳои таҳсилотӣ зарурати таъсиси тахассусҳои ҳуқуқшиносӣ ба вуҷуд омад, ки дар Донишгоҳи давлатии Данғара аз соли 2012 ихтисоси 1-26010100 (Идоракунии мақомоти маҳаллӣ), соли 2014 ихтисоси 1-930101 (Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ), соли 2016 таъсиси ихтисоси 1-020102 (Таърих. Ихтисоси иловагӣ омӯзгори асосҳои давлат ва ҳуқуқ), аз соли 2017 дар заминаи ихтисоси 1-26010100 (Идоракунии мақомоти маҳаллӣ) таъсиси ихтисоси 1-260101 (Идораи давлатӣ) ва аз соли 2021 дар факултет ҷиҳати рушди соҳаи ҳуқуқшиносӣ ва таъмини бозори меҳнат бо мутахассисони соҳаи ҳуқуқ  ихтисосҳои 1-240101 (Ҳуқуқи байналмилалӣ), 1-240103 (Ҳуқуқи иқтисодӣ) ҳам дар таҳсилоти рӯзона ва ҳам дар фосилавӣ таъсис дода шуд, ки дар рушди факултет ва обрӯву нуфузи Донишгоҳи давлатии Данғара таъсири амиқи худро гузошт.

Сохтори имрўзаи факултети идоракунии давлат ва ҳуқуқ  аз Шурои олимон, Шурои илмӣ-методӣ, декани факултет, эдвайзер оид ба таълим, эдвайзер оид ба тарбия ва чор кафедра иборат мебошанд.

Дар сохтори  факултет 3 кафедраи тахассусӣ ва 1 кафедраи фанҳои гуманитарӣ амал мекунанд, ки масъулияти асосии пешбурди фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва тарбиявиро ба зимма доранд.

Кафедраҳои тахассусӣ:

- кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсия – мудири кафедра н.и.ф., Азизов К.Ҷ.

- кафедраи сиёсатшиносӣ ва идораи давлатӣ – мудири кафедра Муллоботур М.

- кафедраи таърихи умумӣ – мудири кафедра н.и.т., Алишери Амирхон;

Кафедраи ғайритахассусӣ:

 - кафедраи фанҳои гуманитарӣ -  мудири кафедра  Саидов А.

 

Дастовардҳои факултет

Ғолиби озмуни даври ҷумҳуриявии “”Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат”

Сазовори ҷойи сеюм, Олмафрӯзи Илҳомҷон донишҷӯи курси сеюми ихтисоси Таърих. Ихтисоси иловаги омӯзгори асосҳои давлат ва ҳуқуқ