Маълумоти умумӣ дар бораи донишгоҳ

МАЪЛУМОТИ УМУМӢ ДАР БОРАИ ДОНИШГОҲ

        Донишгоҳи давлатии Данғара бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми майи соли 2013, № 205 бар пояи филиали Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар ноҳияи Данғара таъсис ёфта, фаъолияти таълимии худро дар заминаи Оиннома, Иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ (силсилаи Т-ИФ № 0000097 аз 11 декабри  соли 2020, рақами қайд № 123) ва ҳамчунин қонунҳо ва низомномаҳои  амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дастуру супоришҳои муассиси он – Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар  мақомотҳои дахлдор баҳри дар амал татбиқ намудани вазифаҳое, ки аз паёмҳои ҳарсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, роҳандозӣ намудааст.

        Тибқи Оинома, сохтор ва зерсохторҳои имрӯзаи Донишгоҳ мутобиқ бо мақоми муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ташкил карда шуда, дар асоси низомномаҳои таҳсилоти олии касбии тасдиқкардаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд. Дар Донишгоҳ ба мақсади таъмини болоравии сифати таълим дар доираи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.09.2020, № 562), ки дурнамо ва роҳҳои пайгиронаи воридшавии кишварамонро ба фазои ягонаи таҳсилоти аврупоӣ муайян менамояд, як силсила корҳои судманд анҷом дода шудаанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки агар дар даврони фаъолияти филиали Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар ноҳияи Данғара, ки дар заминаи он минбаъд Донишгоҳи давлатии Данғара таъсис ёфтааст, таҳсили донишҷӯёни ду ихтисос – идора дар корхонаи комплекси агросаноатӣ, забон ва адабиёти рус ба тариқи пилотӣ бо низоми кредитии таҳсилот ба роҳ монда шуда бошад, пас имрӯз тамоми ихтисосҳои роиҷи Донишгоҳ ба низоми таҳсилоти мазкур гузаштанд.

       Фаъолияти таълимии Донишгоҳ пайваста аз ҷониби комиссияҳои гуногун, аз он ҷумла комиссияҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорат дар соҳаи маорифи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар оид ба масъалаҳои вазъи таълиму тарбия ва давомоти донишҷӯён, омодагии устодон ба машғулиятҳо, аттестатсияи хатм ва ҳуҷҷатнигории сохторҳои таркибии он санҷида шудаанд. Натиҷаи санҷишҳо нишон доданд, ки ҷараёни таълим таҳти назорати қатъии роҳбарияти Донишгоҳ қарор дошта, ба маҷрои дуруст ва муътадил равона гардидааст.

      Дар самти танзими ҷараёни таълим бо ташаббуси раёсати таълим дар заминаи ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии таҳсилоти олӣ, аз ҷумла «Низомномаи низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 31.03.2023, № 4/32), «Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.06.2018, № 306), «Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.11.2022, № 562) 61 адад нақшаи таълимӣ ва барномаҳои таҳсилотӣ аз рӯйи самтҳо (ихтисосҳо) дар зинаи бакалавр, 12 адад нақшаи таълимии дараҷаи магистр, 21 адад нақшаи таълимии таҳсилоти фосилавӣ ва 7 адад нақшаи таълимии таҳсилоти ғоибона таҳия ва ба мавќеи иљро вогузор карда шудаанд. Метавон зикр кард, ки алъон раванди таълимро раёсати таълим дар тамоми ихтисосҳои амалкунандаи Донишгоҳ дар доираи нақшаҳои таълимӣ, ки мутобиқ ба талаботи бозори озоди меҳнат тарҳрезӣ шуда, аз ҷониби Вазорати маориф ва имли Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд, таҳти назорат қарор медиҳад.

      Донишгоҳ омода намудани мутахассисони рақобатпазири касбиро дар 7 факултет – молия ва иқтисод, табиӣ-риёзӣ ва технологияи муосир, педагогика ва психология, аграрӣ ва амнияти озуқаворӣ, филология ва рӯзноманигорӣ, муҳандисӣ ва меъморӣ аз ҷониби 25 кафедра (кафедраи умумидонишгоҳӣ: фанҳои гуманитарӣ; кафедраҳои тахассусӣ: молия ва фаъолияти бонкӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ ва андозбандӣ, химияи умумӣ, математикаи олӣ, физика ва география, биология ва биотехнология, технология ва стандартизатсия, педагогика ва психология,  методикаи таълим ва таҳсилоти ибтидоӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи гражданӣ, агротехнология, тибби байторӣ, забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, рӯзноманигорӣ, забонҳои хориҷӣ, муҳандисӣ ва сохтмони гидротехникӣ, сохтмон ва зебосозии шаҳру деҳот, таъминоти барқ, информатика ва телекоммуникатсия, ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсия, сиёсатшиносӣ ва идораи давлатӣ, таърихи умумӣ) дар асоси низоми бисёрзинаии таҳсилот ба роҳ мондааст. Дар соли таҳсили ҷорӣ аз 25 кафедраи фавқуззикр барои тайёр кардани мутахассисони рақобатпазир ва ҷавобгӯй ба бозори озоди меҳнат 278 нафар омӯзгор сафарбар гардиданд, ки дар байни онҳо 4 нафар доктори илм, 52 нафар номзади илм, 101 нафар муаллими калон, 121 нафар ассистент мебошанд.

      Раёсати таълим ҷиҳати ҷуброни камбуди кадрӣ ва беҳтар гардонидани сифати таълим мутахассисону олимони варзидаи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакатро дар мувофиқа бо ректори Донишгоҳ ба сифати устодони ҳамкор ва соатбайъ пайваста ҷалб менамояд. Дар ин росто, Донишгоҳ ҷиҳати омода намудани муассисаи таълимӣ ба аккредитатсияи байналмилалӣ ва барқарор кардани анъанаҳои самаровари таълимиву методӣ дар доираи 5 лоиҳа, аз ҷумла лоиҳаи ТРИГГЕР ва ҳамкориҳои байналмилалӣ бо 25 донишоҳ қарордодҳои дуҷонибаро ба имзо расонидааст, ки ин қарордодҳо аз эътирофи низоми таълими Донишгоҳ дар хориҷи кишвар шаҳодат медиҳанд. Лозим ба зикри хос аст, ки тайи 3 соли охир дар доираи лоиҳаҳои муштарак ва махсусан, лоиҳаи ТРИГГЕР 10 нафар омӯзгори Донишгоҳ ба мақсади омӯзиши таҷрибаи пешқадами таълимӣ ба кишварҳои аврупоӣ сафарбар шудаанд.

       Феълан дар Донишгоҳ 8065 донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз ин теъдод 4235 нафар ба таҳсилоти рӯзона (1360 нафар дар гурӯҳҳои буҷетӣ ва 2875 нафар дар гурӯҳҳои шартномавӣ) ва 3830 нафар ба таҳсилоти фосилавӣ ва ғоибона (540 нафар дар гурӯҳҳои буҷетӣ ва 3290 нафар дар гурӯҳҳои шартномавӣ) рост меояд.

      Донишгоҳ дорои 6 бинои таълимӣ (1 толори калон бо 580 ҷойи нишаст, 5 маҷлисгоҳ бо 281 ҷойи нишаст, 116 синфхона барои 7650 ҷойи нишаст дар як баст, 2 синфхонаи лингафонӣ, маркази иттилоотиву тарғиботии мавҷҳои радио ва телевизионии “Амри вақт”, маркази технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, 14 озмоишгоҳи таълимӣ, 1 озмоишгоҳи илмӣ - методӣ, 14 га замини таҷрибавӣ, 1 технопарк бо 6 адад техника (2 адад автомобили сабукрав, 2 адад автомобили боркаш (микроавтобус), 1 адад трактори тамғаи МТЗ-85, 1 адад комбайн, 1 бунгоҳи тиббӣ, 1 китобхонаи илмӣ бо доройии 2 қироатхона ва фарогирии 75 ҷойи нишаст, 3 бинои истиқоматӣ барои омӯзгорон бо 60 ҳуҷра, 2 хобгоҳ барои донишҷӯён бо 960 ҷойи хоб, 1 адад комплекси варзишӣ, 2 майдончаи варзишӣ ва 1 ошхонаи замонавӣ мебошад.

Ҳамзамон, устодону донишҷӯён дар ҷараёни таълим аз китобхонаи илмии Донишгоҳ, ки дорои 46358 нусха китоб, аз ҷумла: таълимӣ – 35677 нусха, бадеӣ – 7125 нусха, илмӣ – 771 нусха ва оммавӣ – 2785 нусха мебошад, истифода мебаранд.

      Бо мақсади тадриҷан вусъат бахшидани истифодаи самаранокии технологияи иттилоотиву иртиботӣ дар раванди таълим ва дастрасии омӯзгорон ба маводди электронии иттилоотиву таълимӣ, илмиву методӣ ва таҳкими пояи моддиву техникии раванди таълим семинарҳои омӯзишӣ аз ҷониби раёсати таълим дар масъалаҳои «Истифодаи технологияи иттилоотиву иртиботӣ дар раванди таълим», «Тасниф ва таҳияи саволномаҳои тестӣ: амалияи интихоби дистракторҳо», «Мафҳум ва истилоҳоти низоми кредитии таҳсилот», «Ташкили раванди таълим дар шароити низоми кредитии таҳсил» «Тури соатҳо ва банақшагирии соатҳои кафедра», «Тарзи холгузорӣ ва баҳодиҳӣ ба сатҳи дониш дар низоми кредитии таҳсилот», «КМРО – шакли нави ташкили кори таълимӣ», «Холи миёнаи умумии донишҷӯ (GPA) ва тарзи ҳисоб кардани он», «Кор бо барномаҳои UchPros, MOODLE, PlanChasKaf, Emiskasb» бо мудирони кафедраҳо, ҷонишинони деканҳо оид ба таълим ва ҳайати профессору омӯзгорони Донишгоҳ баргузор карда шуданд.

        Раёсати Донишгоҳ дар асоси бастани шарномаи пудратӣ бо ҶДММ «Тоҷиктелеком» тавассути кашидани хатти оптикӣ ба шабакаи интернетӣ дастрасӣ пайдо намуд. Дар доираи дастрасӣ ба шабакаи интернетӣ хизматрасонии провайдери «Toj.net» бузург буда, аз ин хизматрасониҳо тамоми ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён истифода мебаранд. Донишгоҳ бо асбобу таҷҳизоти замонавӣ, аз қабили: 510 адад компютер, 55 адад проектор, 130 адад принтер, 50 адад доскаи электронӣ, 10 адад телевизор таъмин мебошад, ки дар ҷараёни таълим васеъ истифода бурда мешаванд.

       Дар Донишгоҳ ҷиҳати таъмини шаффофият ва баҳогузории мунсифона ба дараҷаи дониши донишҷӯён сессияҳои имтиҳонии зимистона ва тобистона дар таҳсилоти рӯзона тариқи барномаи «UchProc» ва дар таҳсилоти фосилавӣ ва ғоибона тариқи барномаи «MOODLE» баргузор мешаванд. Дар давраи баргузории сессияҳои имтиҳонӣ комиссияи апеллятсионӣ оид ба таъмини шаффофияти имтиҳонҳо таъсис дода мешавад, ки фаъолияти худро дар доираи «Тартиби қабули имтиҳонҳои ниҳоӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли шифоҳӣ, хаттӣ ва омехта» (қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 12.04.2022, №5/1) ба роҳ мемонад. Ҷараёни ташкил, баргузорӣ ва натиҷаи сессияҳои санҷишиву имтиҳонӣ дар ҷаласаҳои ректорат, ситоди назоратии назди ректор, ҷаласаҳои Шурои олимон ва шурои илмиву методии назди муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим мавриди баррасӣ ва хулосабарорӣ қарор мегиранд.

      Аз ҷониби ҳайати профессорону омӯзгорони кафедраҳои роиҷи Донишгоҳ пас аз ҳисоби соатҳои кафедраҳо тариқи барномаи «PlanChasKaf» аз рӯйи тамоми фанҳои таълимӣ барномаҳои кории фанҳо (силлабусҳо), матни дарсномаҳо, бонки саволномаҳои тестӣ мураттаб гардида, ба донишҷӯён пешниҳод гардидаанд. Ҳамзамон, аз ҷониби зумрае аз омӯзгорони кафедраҳои Донишгоҳ китобҳои дарсӣ ва дастуру васоити таълимӣ дар асоси талаботи низоми кредитии таҳсилот таҳия гардида, қисме аз онҳо мунташир ва иддае дар марҳилаи чоп қарор доранд. Садорати факултетҳо ва мудирияти кафедраҳои тахассусиву умумидонишгоҳӣ ҷиҳати таҳия ва ба табъ расонидани дастуру воситаҳои таълимиву методӣ бо дарназардошти талаботи замони муосир тадбирҳои коргир меандешанд.

       Бурду бохт ва сифати машғулиятҳои таълимӣ яке аз масъалаҳои аввалиндараҷаи ҷаласаҳои шурои илмиву методӣ, мудирияти кафедраҳо ва садорати факултетҳо буда, рафти он ҳама вақт дар зери назорати раёсати таълим, шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим қарор дорад. Шурои илмиву методии Донишгоҳ, садорати факултетҳо ва мудирияти кафедраҳои тахассусӣ ва умумидонишгоҳӣ ба сатҳу сифати машғулиятҳои омӯзгорони ҷавон дар ҷаласаҳои кафедра аҳамияти хосса дода, баҳри беҳтар гардидани фаъолияти омӯзгории онҳо аз роҳҳои муассир: иштироки онҳо дар дарси устодони соҳибтаҷриба, ташкили семинарҳо бо иштироки устодони соҳаи педагогика ва равоншиносӣ, такмили ихтисос ва ғайра истифода мебаранд. Ташкили курсҳои сайёри такмили ихтисос аз ҷониби Донишгоҳи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ин нукот шаҳодат медиҳанд.

      Самти дигари фаъолияти таълимии Донишгоҳ аз ҷониби раёсати он дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии  назорат дар соҳаи маорифи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли муқаррар намудани дурнамои нақшаи қабули донишҷӯён муайян мегардад. Ин масъала дар оғози соли таҳсили ҷорӣ бо муассис ва Агентии  назорат дар соҳаи маорифи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳалли мусбати он ба нуқтаи ниҳоӣ расидааст. Дар назар аст, ки дар Иҷозатномаи нав оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ шуруъ аз соли таҳсили 2023-2024 ихтисосҳои Донишгоҳ аз ҳисоби ихтисосҳои замонавӣ ва барои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ зарур бидуни коҳиш додани шумораи қабул комил гардонида мешавад.

      Номгӯйи 24 ихтисоси навро, ки Донишгоҳ барои фаъолияти таълимии онҳо ҳуқуқ пайдо менамояд, метавон ба чунин тартиб рақам зад: психология, тарбияи ҷисмонӣ, химия (фаъолияти илмиву истеҳсолӣ), химия (фаъолияти илмиву педагогӣ), математика (фаъолияти илмиву педагогӣ), физика (фаъолияти илмиву педагогӣ), география, биология (фаъолияти илмиву педагогӣ), тибби байторӣ-фарматсептӣ, экологияи умумӣ, филологияи тоҷик, тарҷумаи бадеӣ, филологияи рус, меъморӣ, таъмини барқ (аз рӯйи соҳаҳо), инфораматика, молия, иқтисодиёти молиявӣ ва бонкӣ, аудит ва ревизия, хадамоти гумрукӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, таърих-ихтисоси иловагӣ (ҳуқуқ), таърих (ватанӣ ва умумӣ), сиёсат ва идораи давлатӣ. Аз ихтисосҳои Иҷозатномаи пешин оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ 25 адад қобили қабул ва 35 адад бинобар сабаби надоштани довталаб фаъолияташон қатъ мегардад. Ҳамзамон, Донишгоҳ барои ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ, аз қабили курсҳои кӯтоҳмуддати тайёрӣ барои дохилшавандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, омӯзиши компютер, 1-С муҳосибот, баҳисобгирии бухгалтерӣ, забони русӣ, забони англисӣ, забони олмонӣ, забони хитоӣ, дӯзандагӣ (бофандагӣ, адрасбофӣ, тарҳрезӣ ва дӯхти либос, гулдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ) ҳуқуқ пайдо намуд.

      Вусъати доираи мутахассистайёркунии Донишгоҳро раёсати таълим таҳлил карда, аз рӯйи ихтисосҳои рақобатпазири бозори озоди меҳнат рақамҳои зеринро дар солҳои наздик пешгӯйӣ менамояд. Чунончи, агар тайи солҳои 2016-2023 Донишгоҳро ҳамасола наздик ба 1700 нафар хатм карда бошад, пас ин арқом мувофиқи дурнамои хатми донишҷӯён аз соли 2028 ба баъд ба 3500 нафар мерасанд.

     Метавон гуфт, ки кормандони раёсати таълим аз рӯйи дастурҳои вазифавӣ дар таҳияи таснифоти номгӯйи тахассусҳо, муайян кардани фанҳои таълимии ҳатмӣ ва элективии кафедраҳо, таҳияи лоиҳаи нақшаҳои таълимӣ, ҷадвалҳои раванди таълим, таҳияи лоиҳаи фармоишҳо ва хулосаҳои ҳисоботӣ оид ба натиҷаҳои сессияҳои санҷишиву имтиҳонӣ ва аттестатсияи хатм, таҳлили давомот ва ҳаракати донишҷӯён, коркарди тавсияҳо оид ба ҷустуҷӯйи усул ва шеваҳои навини таълим, такмил ва баланд бардоштани сифати таълим, банақшагирӣ ва назорати иҷрои сарбории таълимии ҳайати профессорон ва омӯзгорони Донишгоҳ, ҳамчунин дар ҳамоҳангсозии фаъолияти кафедраҳои тахассусӣ ва садорати факултетҳо ҷиҳати ташкил ва гузаронидани таҷрибаҳои таълимӣ, истеҳсолӣ, педагогӣ ва пешаздипломӣ саҳм гузошта, аз иҷрои уҳдадориҳои вазифавӣ сарбаландона мебароянд.