ҲИМОЯИ РИСОЛАИ ИЛМӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА!

Санаи 11.06.2024, соати 10:00, омӯзгори кафедраи тибби байтории Донишгоҳи давлатии Данғара ЭСАНОВ САДРИДДИН ТОШМУҲАМАДОВИЧ рисолаи номзадии хешро дар мавзуи «Самаранокии истифодаи хӯроки омехта ҳангоми фарбеҳкунии қӯчқорчаҳои зоти ҳисорӣ дар чарогоҳҳои тирамоҳии минтақаи Ҷанубии Тоҷикистон», таҳти роҳбарии д.и.к., профессори кафедраи технологияи коркарди маҳсулоти чорводорӣ ва хӯронидани чорвои Донишгоҳи аграрии Тољикистон ба номи Ш. Шоҳтемур Раљабов Фарҳод Меликбоевич, барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои кишоварзӣ аз рӯйи ихтисоси аз рӯйи ихтисоси 06.02.08 – Истеҳсоли хӯроки чорво, хӯрокдиҳии ҳайвоноти кишоварзӣ ва технологияи хӯроки чорво, дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-007 назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бо муваффақона дифоъ намуд.

Раёсати донишгоҳ устоди азизро барои ин муваффақият самимона табрик гуфта, ба ӯ сарбаландӣ, тандурустӣ ва дар корҳои минбаъдаашон комёбиҳои беназирро таманно дорад.