Кафедраи иқтисод ва идора

  • Раҳимзода Муҳаммад Назар
  • Мудири кафедраи иқтисод ва идора
  • 18.01.1991 с.т., Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Email: 
  • Тел: (+992) 909-22-33-03
  • Суроға: ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ 25, Б5/202

Кафедраи иқтисод ва идора

        Кафедраи иқтисод ва идора, аз соли 2015 то инҷониб дар ДДД бо номҳои гуногун (иқтисодиёти миллӣ ва рушди сайёҳӣ, назарияи иқтисодӣ, иқтисодиёти ҷаҳон ва технологияи иттилоотӣ, менеҷменти истеҳсолӣ ва иноватсионӣ) фаъолият намудааст. Кафедра барои тамоми ихтисосҳои равияи иқтисодии ДДД  тибқи барномаи тасдиқшудаи ВМИҶТ сабақ медиҳад. Дар факултети Молия ва иқтисод ба ихтисосҳои 1-26020202 (менеҷменти байналмиллалӣ); 1-40010202 (технологияи низоми иттилоот дар иқтисодиёт); 1-250107 (иқтисод ва идора дар корхона), 1-250103 (иқтисоди ҷаҳон), 1-890101 (сайёҳат ва меҳмондорӣ), 1-25011004 (тиҷорат дар саноати сабук), 1- 25010301 (идораи фаъолияти иқтисоди беруна), 1-25010304 (идораи инвеститсияи хориҷӣ), фанни назарияи иқтисодӣ, ки марбут ба кафедраи иқтисод ва идора аст дар ҳамаи факултетҳои ДДД омӯзонида мешавад.

 Кафедра тибқи Низомномаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 30.03.2017, №3/13) ва қарори Шурои олимони ДДД (аз 20.01.2018) амал мекунад. Тайи солҳои 2015-2024 кафедраро устодон: Амиров Қ.  (2020), Атоев Ф. (2021-2023), Содиқов З. (2023),  Муродова Д.И. (2024), роҳбарӣ намудаанд. Аз 1.09.2023 то инҷониб н.и.и.,  Раҳимзода М.Н. ба ҳайси мудири кафедраи мазкур фаъолият намуда истодааст. Кафедра бо муассисаҳои илмӣ-таълимии Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, кафедраҳои факултетҳои иқтисодӣ  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Руссияву Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н. Хусрав ва кафедраи иқтисодӣ Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон робитаҳои самарабахши илмиву таълимиро ба роҳ мондааст.

Ҳайати омӯзгорони кафедра

  1. Раҳимзода Муҳамади Назар – н.и.и., мудири кафедра, асосӣ;
  2. Юсупов Исмоил Насурович – муаллими калон, асосӣ;
  3. Муродова Дилбар Илоҳиддиновна - муаллими калон, асосӣ;
  4. Шералиева Мавзуна Назруллоевна- муаллими калон, асосӣ;
  5. Одинаева Фариза Раҷабовна- муаллими калон, асосӣ;
  6. Ғуломова Хуршеда Амонуллоевна - муаллими калон, асосӣ;
  7. Халифаева Муборак Халифаевна - муаллими калон, асосӣ;
  8. Зиёева Қумриниссо Давроновна - муаллими калон, асосӣ;
  9. Сафаров Суҳроб Маҳмадшарифович- муаллими калон, асосӣ;
  10. Мирзоев Муҳсин  Сафаралиевич – ассистент, асосӣ;
  11. Аслиддинов Низомиддин Наҷмиддинович – ассистент, асосӣ;
  12. Кароматулоев Сафаралӣ Дусмаҳмадович – ассистент, асосоӣ;
  13. Шарипова Рудоба Беғамшоевна -  ассистент, асосоӣ;
  14. Масолеева Ёсуман Давлаталиевна - ассистент, асосоӣ;
  15. Валиева Моҳира Баҳромовна - ассистент, асосоӣ;
  16. Холова Сафаргул Нурмаҳмадовна - ассистент, асосоӣ;
  17. Давлатов Фазлиддин – ассистент, ҳамкори дохилӣ;
  18. Нахшзода Ҷамилаи  Дилшод – ассистент, ҳамкори дохилӣ;
  19. Шарифзода Самандари Умед – ассистент, ҳамкори дохилӣ;
  20. Абдуллозода Хосамоҳ – ассистент, ҳамкори беруна;
  21. Қудрадзода Парвиз Қудрат – н.и.и., дотсент, декани факултет, ҳамкори дохила;
  22. Иззатов Қурбонали – ассистент, ҳамкори дохила.

Дастовардҳои таълимӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ дар соли таҳсили 2023-2024

Дар кафедраи мазкур аз ҷониби омӯзгорон понздаҳ дастури таълимӣ, 30 мақолаи илмӣ ба нашр расидааст.