Кафедраи методикаи таълим ва таҳсилоти ибтидоӣ

                     Рустами Абдуҷабор    

  • Номзади илмҳои педагогӣ
  • Мудири кафедраи  методикаи таълим ва таҳслоти ибтидоӣ
  • 08.12.1994с.т.,  Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Е-mail:  
  • Teл: (+992) 901610999
  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Марказӣ 25, б-4/207

 

                                                                                                                 Кафедраи методикаи таълим ва таҳсилоти ибтидоӣ 

                    Кафедраи методикаи таълим ва таҳсилоти ибтидоӣ аз соли 2019 то инҷониб дар ДДД бо номҳои гуногун (Методикаи таълим ва таҳсилоти ибтидоӣ, Таҳсилоти томактабӣ ва равоншиносӣ, Педагогика ва таҳсилоти ибтидоӣ, ва айниҳол бошад бо номи методикаи таълим ва таҳсилоти ибтидоӣ   фаъолият намудаистодааст. Кафедра барои ихтисосҳи Таҳсилоти ибтидоӣ, Таҳсилоти ибтидоӣ. Санъати мусиқӣ, Таҳсилоти ибтидоӣ. Санъати тасвирӣ ва таҳсилоти томактабӣ. Равоншиноси амалӣ фанҳои гуногун машғулиятҳоро ба роҳ мемонанд. Аз соли 2019-2021-юм Гулова Наҷиба, аз 31-уми августи соли 2021 то 30 июни 2021 иҷронунанд, Рустами Абдуҷаббор, аз оғози соли таҳсили 2022-2023 мудири кафедраро н.и.п., Набиев Ҷ.Ғ. ба уҳдаи худ гирифт ва баъд аз фаъолияти чанде ин масъулият ба уҳдаи Зарифов Насрулло вогузор карда шуд. Аз оғози соли таҳсили 2023-2024 роҳбарии мудири кафедра ба уҳдаи н.и.п., Рустами Абдуҷаббор вогузор карда шуд, ки то ин ҷониб фаъолият дорад. Бояд зикр намуд, кафедра он кадрҳое тайёр менамояд, ки ба талаботи тақозои бозори меҳнат мебошад. Ҳамасола кафедра дар конференсияҳои илмиву амалии ҷумҳуриявӣ, донишгоҳӣ, байналмиллалӣ иштироки фаъолона дорад.

Ихтисосҳои дар кафедра амалкунанда:

  1. 1010201, Таҳсилоти ибтидоӣ- бакалавр
  2. 101020202, Таҳсилоти ибтидоӣ. Санъати тасвирӣ-бакалавр
  3. 101020203, Таҳсилоти ибтидоӣ. Санъати мусиқӣ-бакалавр

 

Ҳайати омӯзгорони кафедра

1.Рустами Абдуҷаббор – н.и.п., мудири кафедра, асосӣ;

2. Расулзода Шаҳло Ҷалол– муаллими калони кафедра, асосӣ;

3. Абдураҳмонов Муқим Ғуломович– ассистенти кафедра, асосӣ;

4. Сайдалиев Асадулло Абдуллоевич– ассистенти кафедра, асосӣ;

5. Нурмаҳмадзода Кишвар Нурмаҳмад– ассистенти кафедра, асосӣ;

 

Дастовардҳои таълимӣ, илмӣ – таҳқиқотӣ дар соли таҳсили 2023-2024

Дар кафедраи мазкур аз ҷониби омӯзгорон як дастури таълимӣ, 1 монография ва 5 мақолаи илмӣ ба нашр расидааст.