САФИ ОМӮЗГОРОНИ УНВОНИ ИЛМИДОШТА ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА МЕАФЗОЯД!

Санаи 20.04.2024, соати 13:00, омӯзгори кафедраи агротехнологияи Донишгоҳи давлатии Данғара ШАРИФЗОДА ҶУМЪМАХОН ШАРИФ рисолаи номзадии хешро дар мавзуи «Маҳсулнокии навъҳои помидор бо истифода аз нуриҳои минералӣ ва биологӣ дар мавзеи Данғара», таҳти роҳбарии доктори илмҳои кишоварзӣ, дотсент, сардори раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Данғара Расулзода Бахтиёр Раҳмонбердӣ, барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои кишоварзӣ аз рӯйи ихтисоси 06.01.01–Зироаткории умумӣ, растанипарварӣ, дар Шурои диссертатсионии 6D.KOA-065 назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур бо муваффақона дифоъ намуд.

Раёсати донишгоҳ устоди азизро барои ин муваффақият самимона табрик гуфта, ба ӯ сарбаландӣ, тандурустӣ ва дар корҳои минбаъдаашон комёбиҳои беназирро таманно дорад.