ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТИ-КОММУНИКАТСИОНӢ КАФОЛАТИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ

        Дар ҷаҳони муосири бо суръат инкишофёбанда фаъолият ва рушди соҳаи маорифро бе истифодаи воситаҳо ва технологияҳои муосири иттилоотӣ- коммуникатсионӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Таҳқиқотҳои зиёд нишон медиҳанд, ки зиёд гардидани ҳаҷми иттилооте, ки дар соҳаи маориф истифода бурда мешавад, бояд ба манбаи ягонаи иттилоотӣ асос ёфта, ба таври замонавӣ коркард карда шаванд. Дар ин шароит соҳаи маориф бе истифодабарии воситаю усулҳои муосири коркард, интиқол ва пешниҳоди иттилооти электронӣ самаранок буда наметавонад.

         Сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ба истифодабарии технологияҳои иттилоотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ба баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ, ташкили махзани рақамии ягонаи маводи таълимии электронӣ, рушди заминаҳои муосири моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба воситаи мунтазам аз нав таҷҳизонидани онҳо бо техникаву технологияҳои ҳозиразамон ва ташкили торнамои (портали) ягонаи иттилоотии соҳаи маорифи ҷумҳурӣ равона гардидааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани дониши техникии кормандани давлатӣ, кормандони соҳаи маориф, омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ якқатор барномаву консепсияҳо амалӣ гардидаистодааст, ки бо истифода аз техника ва технологияи компютерӣ баланд намудани сифати таҳсилотро таъмин намояд.

Баҳри ноил шудан ба ин мақсад иҷрои вазифаҳои зерин заруранд:

барои баланд бардоштани сифати таҳсилот ба таври васеъ ба роҳ мондани истифодаи технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ мувофиқи мақсад аст;

таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандон барои гирифтани таҳсилоти босифат тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ - коммуникатсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи онҳо;

таъмини рушди фарҳанги иттилоотии ҷомеа ва ба ин васила таҳким бахшидан ба мавқеи соҳаи маорифи ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ;

таъмини рушди сифатан нави заминаҳои моддию техникии муассисаҳои таълимӣ ба воситаи мунтазам таҷҳизонидани онҳо бо техникаву технологияи ҳозиразамон;

баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон оид ба истифодабарии таҷҳизоти техникӣ дар ҷараёни таълим тавассути ташкили курсҳои омӯзишӣ;

таҳия ва ба ҷараёни таҳсилот васеъ ворид намудани воситаҳои таълимии электронӣ ва ҳамоҳанг намудани онҳо бо воситаҳои таълимии анъанавӣ, ҳамчунин таҳияи технологияи коркарди онҳо;

ташкили муҳити ягонаи иттилоотии соҳаи маорифи ҷумҳурӣ.

       Бояд қайд намуд, ки технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ яке аз бузургтарин дастовардҳои илму техникаи ҳозиразамон ба ҳисоб меравад. Қариб ҳар сол нақша ва сохти ин таҷҳизотҳои техникӣ такмил ёфта, соҳаҳои татбиқи онҳо васеъ мегарданд. Технологияҳои иттилоотӣ, ки имрўз сатҳи инкишофи қувваҳои истеҳсолкунандаро дар ҷомеа муайян мекунанд, ба зудӣ пайдо, ворид ва нопадид мешаванд ва мавқеи худро ба технологияҳои навтар медиҳанд. Имрӯз технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ барои ҳалли масъалаҳои риёзӣ, иқтисодӣ, муҳандисӣ, молиявӣ, илмӣ, ҳисобкуниҳои оморӣ ва ғайраҳо истифода мешаванд. Татбиқи истифодабарии технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар соҳаҳои гуногун аз донишу малакаи истифодабарандаи он вобастагӣ дорад.

        Агар технологияи иттилоотии замонавӣ дар соҳаҳо татбиқи худро ёбанд, бо туфайли онҳо шароит ва сатҳи зиндагии одамон баланд гардида, қувваҳои истеҳсолии ҷамъиятӣ ба куллӣ тағйир меёбанд. Дар ҳолате, ки мошинҳои муқаррарӣ имконияти ҷисмонии одамонро васеъ гардонад, компютер нерӯи ақлонию зеҳнии онҳоро баланд мебардорад. Гарчанде мошинҳои ҳисоббарори ҳозиразамон аз ҷиҳати намуд гуногун бошанд ҳам, вале тарзи истифодабарӣ ва асоси кори онҳо бо ҳамдигар монанд аст.

Технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ маҷмуи мушаххаси воситаҳои техникӣ ва таъминоти барномавӣ буда, барои гузаронидани амалиёти гуногуни коркарди иттилоот дар самтҳои мухталифи фаъолияти инсон пешбинӣ шудааст.

      Раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара масъалаи муҳимияти технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсиониро таҳти назорати худ гирифта, аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ ва фондҳои махсус 50 –адад компютер “Моноблок”-и тамғаи Lenovo, 20 – адад принтер 3/1, тамғаи Canon харидори намуд, ки шарҳи муфасалаш дар ҷадвал оварда мешавад. Таҷҳизотҳо ба донишгоҳ дастрас шуда, барои истифода ба сохторҳои донишгоҳ тақсим карда шудааст, ки метавонад солҳои дароз хизмат намояд.

Тамға Lenovo F340-24IWL F0E8

CPU INTEL I5-1021OU 1.6G

SSD 256G

RAM 8G

OS WINDOWS 11 HOME SL

LED 23.8 LED PANEL

KEYBORD 2.4G WIRELESS

      Айни ҳол дар Донишгоҳи давлатии Данғара 368 –адад компютерӣ фардӣ, 112 – адад Моноблок, 61 – адад ноутбук, 55 –адад проектор, 45 –адад тахтаҳои электронӣ ва 136 –адад принтерҳои гуногун барои истифодаи донишҷӯён ва омӯзгорон хизмат мекунанд, ки дар умум 559-ададро ташкил медиҳад.

Ҷумъахонзода Навруз Ҷумъахон – сардори маркази технологияҳои иттилоотӣ ва комуникатсионии Донишгоҳи давлатии Данғара

Салмонӣ Абдураҳим - мутахассиси маркази технологияҳои иттилоотӣ ва комуникатсионии Донишгоҳи давлатии Данғара