ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНАИ КОРМАНДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ

♻️ Дави миллӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.

♻️ 19 майи соли 2024 дар ноҳияи Данғара "Дави миллӣ" ба масофаҳои 3 км ва 5 км ва марафони "Велосипедронӣ" бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор шуд.

♻️ Дар чорабинии мазкур зиёда аз 1000 нафар кормандону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара бо роҳбарии ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ фаъолона иштирок намуданд.

♻️ Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур - таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ мебошад.