САҲМИ БЕНАЗИР ВА МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР РУШДИ СОҲАИ ИЛМ ВА МАОРИФИ КИШВАР

           (Дар ҳошияи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар, 30.05.2024)

          Истиқлоли давлатӣ шароит фароҳам овард, ки таҳқиқи илмии дастовардҳои моддиву маънавӣ, мероси фарҳангӣ ва таърихи куҳанбунёди тоҷикон вусъати бесобиқа пайдо карда, миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангсолор, эҷодкору илмпарвар ва шаҳрсозу шаҳрнишин муаррифӣ гардад.

        Бо сипарӣ гардидани чор сол аз вохӯрӣ бо аҳли зиё (моҳи марти соли 2020), санаи 30 майи соли 2024 дар Кохи Ваҳдат мулоқоти хешро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли маориф ва илми кишвар баргузор намуданд.

        Дар мулоқот аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои мулоқоти қаблӣ, ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмиро дар кишвар ба таври зарурӣ баррасӣ гардида, барои дарёфти роҳҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ сохтани илми ватанӣ ва хизмат кардани он дар роҳи рушду пешрафти давлат дар назди Ҳукумати кишвар ва сохторҳои марбута вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

        Қайд гардид, ки дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд.

       Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш оид ба имкониятҳои фароҳамгардида ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи илм ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм, давра ба давра баланд бардоштани мақому манзалати илм, олимону донишмандон, аҳли маориф ва зиёиёни эҷодкорро дар ҷомеа аз нигоҳи иҷтимоӣ, маънавӣ ва молиявӣ бо овардани далелу рақамҳои раднопазир ёдовар шуданд.

         Гуфта шуд, ки тули солҳои соҳибистиқлолӣ, барои тақвияти заминаҳои моддиву техникии илми ватанӣ 1 миллиарду 607 миллион сомонӣ ҷудо гардида, дар соҳаи илму маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ беш аз 1400 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 36 миллиард сомонӣ амалӣ карда шуд. Дар даҳ соли охир ба муассисаҳои илмии кишвар барои амалисозии 3354 лоиҳаи фармоишии илмиву таҳқиқотӣ зиёда аз 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.

         Маблағгузории соҳаи илм танҳо дар соли 2024-ум ба 225 миллион сомонӣ расонида шуд, ки назар ба соли 2023-юм 45 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аз моҳи июл дар баробари дигар соҳаҳо маоши кормандони илм боз 40 фоизи дигар зиёд карда мешавад.

        Дар ин давра 3900 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла муассисаҳои типи нав, яъне гимназия, литсею коллеҷ, инчунин, донишгоҳу донишкада бунёд гардид. То замони истиқлол дар кишвар 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо 65 ҳазор донишҷӯ фаъолият дошт. Ҳоло ин рақам ба 47 ва шумораи донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 220 ҳазор нафар расидааст. Яъне ҳам шумораи мактабҳои олӣ ва ҳам шумораи донишҷӯёни онҳо қариб чор баробар афзудааст.

        Ҳамасола ба ҳисоби миёна беш аз 10 000 нафар ҷавононро барои азхудкунии илму донишҳои муосир ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои бонуфузи мамолики дигар фиристода шуда, ҳоло шумораи умумии онҳо беш аз 40 000 нафарро ташкил медиҳад.

        Ҳоло дар кишвар қариб 5900 нафар кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ фаъолият менамоянд, ки 886 нафар ё 15,5 фоизи онҳо доктори илм (аз ин 146 нафар ё 16 фоиз занон), 4800 нафар номзади илм ва 158 нафар доктор аз рӯйи ихтисос мебошанд. То замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3300 нафар кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ, аз ҷумла 229 нафар докторҳои илм ва 3074 нафар номзадҳои илм фаъолият мекарданд. Яъне дар давраи соҳибистиқлолӣ шумораи кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ 1,8 баробар, аз ҷумла докторҳои илм қариб чор баробар ва номзадҳои илм 1,6 баробар зиёд гардидааст.

       Дар идомаи мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “Рушди маърифатнокии аҳолӣ, тавсеаи тафаккур ва ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷалби бештари ҷомеа, алалхусус, наврасону ҷавонон ба илмомӯзӣ, ки бунёди онро илмҳои табиӣ ва риёзӣ ташкил медиҳанд, василаи асосии пешгирӣ кардани хурофот, ифротишавӣ, зоҳирпарастии динӣ ва гароидан ба ғояҳои иртиҷоӣ мебошад. Бо ин мақсад солҳои 2020 – 2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид. Ҷиҳати ҳавасманд намудани наврасону ҷавонон ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» таъсис дода шуд, ки ҳамасола наврасону ҷавонони зиёде дар он иштирок карда, ғолиб меоянд. Мақсади асосӣ аз таъсиси озмун дарёфти истеъдодҳои ҷавоне мебошад, ки дар оянда роҳи илмро интихоб карда, мушкилоти кадрии ин ё он соҳаву бахшро бартараф намоянд ва дар пешрафти илму истеҳсолоти ватанӣ саҳми худро гузоранд”.

         Корҳои то имрӯз амалигардида гувоҳанд, ки аз рӯзҳои аввали ташкили давлати соҳибистиқлол илму маориф дар сиёсати Ҳукумати мамлакат мавқеи меҳварӣ дошта, олимону муҳаққиқон ва омӯзгорону зиёиён неруи созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар мебошанд.

Дар воқеъ саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи илм ва маорифи кишвар бесобиқа, беназир ва мондагор аст.

        Аз ин нуқтаи назар, мо олимону муҳаққиқон, ҳайати профессорону омӯзгорон Донишгоҳи давлатии Данғара мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илму маорифи кишварро ҳамчун дастурамали мушаххасу мукаммал дар фаъолияти кории худ дониста, баҳри иҷрои саривақтӣ ва босифати датуру супоришҳои додашуда, нерӯи илмию эҷодӣ ва созандаи худро сафарбар хоҳем кард.