Кафедраи математикаи олӣ

  • Ғаримадов Алишер Ҳасанович
  • И.в. мудири кафедраи математикаи олӣ
  • 17.03.1992 с.т., Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Email: 
  • Тел: (+992) 909-92-58-91
  • Суроға: ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ 25, Б6/306

 

МАЪЛУМОТИ УМУМӢ ДАР БОРАИ КАФЕДРА

Дар кафедраи математикаи олӣ 12 нафар омӯзгори штатӣ ба таълиму тадриси донишҷӯён ва корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғуланд. Аз онҳо 2-нафар номзади илм, 6 нафар саромӯзгор ва боқимонда 4-нафар ассистент мебошанд. Дар соли ҷорӣ (2022-2023) ҳамаи омӯзгорон дар иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ иштирок карданд. 

Равияи асосии илмии кафедра «Омӯзиши тарзҳо ва методҳои муосири таълим бо истифода аз технологияҳои навин дар таълими фанҳои риёзӣ» мебошад, ки омӯзгорон вобаста ба ҳамин равия дар ҳаллу фасли масоили усулҳои замонавии таълими мавзуъҳои алоҳидаи фанҳои риёзӣ саъю талош доранд. Иҷрокунандаи дотсенти кафедра, н.и.ф.-м. Пиров Ҳ. дар иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотии ду нафар омӯзгори калорни кафедра (Исматов Ҳ. ва Пирова Ҷ.) роҳбарӣ намуда, дар баробари ин дар мавзуъҳои моделиронии математикӣ ва наздиккуниҳои беҳтарини функсияҳои аналитикӣ дар фазои Хардӣ корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ иҷро намуда истодаанд.

Таҳти роҳбарии номзади илмҳои физика ва математика, и.в.дотсент Пиров Ҳ.Ҳ. ду нафар унвонҷғёни кафедра оиди мавзуъҳои илмиашон корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ иҷро менамоянд: 

  1. Исматов Ҳикматулло – дар мавзуи  «Моделҳои муосири педагогии рушди донишҳои математикӣ дар раванди ҳамкориҳои таълимгоҳ бо мактабҳои типи нав»;
  2. Пирова Ҷамила – дар мавзуи “Баъзе таҳқиқотҳои фундаменталии (бунёдӣ) фанни математика дар синфҳои ибтидоӣ” .

Мавзуи илмӣ – таҳқиқотии ассистенти кафедра Дустов Хасан Муродович барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳо аз рӯйи равияи илмии 01.04.02 - “Решение задачи Коши для уравнение второго порядка с постоянными коэффициентами”  буда, бо роҳбарии д.и.ф-м., профессор Косарев Николай Георгиевич таҳқиқоти илмӣ мебарад.

Ассистенти кафедра Турахонова Сокинамо дар мавзуи «Хусусиятҳои тафаккури техникӣ дар тайёр намудани омӯзгорони ояндаи таълимоти меҳнатӣ дар муассисаҳои умумии таҳсилоти миёна ва роҳҳои рушди он» таҳти роҳбарии н.и.ф.-м., Иброҳимов Гурез корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мегузаронад.

  • Кормандони штатии кафедра:
  • 1. Пиров Ҳайдар - и.в. мудири кафедра, н.и.ф-м.;
  • 2. Каримов Алишер - н.и.ф-м.;
  • 3. Исматов Ҳикматулло - омӯзгори калон;
  • 4. Ғаримадов Алишер - омӯзгори калон;
  • 5. Алимов Салоҳиддин - омӯзгори калон;
  • 6. Пирова Ҷамила - омӯзгори калон;
  • 7. Турахонова Сокинамо - омӯзгори калон;
  • 8. Мирзоев Исмат - омӯзгори калон;
  • 9. Дӯстов Ҳасан - ассистент;
  • 10. Маҳмуродзода Гулмаҳмад - аасистент;
  • 11. Файззода Кишвар - ассистент;
  • 12. Неъматов Юсуф - ассистент.