Кафедраи забон ва адабиёти тоҷик

  • Саидҷаъфаров Озод Шовалиевич
  • Доктори илмҳои филологӣ, профессор
  • Мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик
  • 06.03.1974 с.т., Ҷумҳурити Тоиҷикистон
  • Email:  Ozod­­­_060374@mail.ru
  • Тел: (+992) 909-09-31-84
  • Суроға: ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ 25, Б4/407

 

                                                        Кафедраи забон ва адабиёти тоҷик

           Кафедраи забон ва адабиёти тоҷик, аз соли 2015 то инҷониб дар ДДД бо номҳои гуногун (забони тоҷикӣ, забон ва адабиёти тоҷик ва фарҳанги мусоидати касбӣ, забони тоҷикӣ ва коргузории расмӣ, забон ва адабиёти тоҷик ва забоншиносии иттилоотӣ, забон ва адабиёти тоҷик) арзи ҳастӣ дорад. Он барои тамоми ихтисосҳои ДДД нозукиҳои забони тоҷикиро тибқи барномаи тасдиқшудаи ВМИҶТ сабақ медиҳад. Дар факултаи лингвистика ва муоширати байнифарҳангӣ ба ихтисосҳои 1-020301 (Забон ва адабиёти тоҷик); 1-0203030201 (Забони тоҷикӣ. Забони англисӣ); 1-21050103 (Забоншиноси ва технологияҳои нави иттилоотӣ) дар факултаи Педагогика ва рушди нерӯи инсонӣ дар ихтисосҳои 1-01010206; 1-010201;1-01020202;1-01020203 равияҳои гуногуни илми филологияи тоҷикро ба донишҷӯён меомӯзанд. 

          Кафедра тибқи Низомномаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 30.03.2017, №3/13) ва қарори Шӯрои олимони ДДД (аз 20.01.2018) амал мекунад. Тайи солҳои 2015-2024 кафедраро устодон н.и.ф. Қодиров Д.С. (2013-2014), саромӯзгор Давлатов У. (2014-2016), н.и.ф. Шамсов Н. (2016), д.и.ф. Ҳусейнзода Ф. (аз соли 2017-2024) Файзуллоев А.А. (2021), Давлатов У. (2022) н.и.ф. Абдулманонзода М.А.  (2023), роҳбарӣ намудаанд. Аз 1.09.2023 то инҷониб д.и.ф., профессор Саидҷаъфаров О.Ш. ба ҳайси мудири кафедраи мазкур фаъолият намуда истодааст. Кафедра бо муассисаҳои илмӣ-таълимии Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, кафедраҳои факултетҳои филологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Руссияву Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н. Хусрав ва кафедраи забонҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон робитаҳои самарабахши илмиву таълимиро ба роҳ мондааст.

           Ҳамасола кафедра дар конференсияҳои илмиву амалии ҷумҳуриявӣ, донишгоҳӣ, байналмилалӣ бахшида ба солгарди шахсиятҳои намоёни кишвар аз қабили, устод Рӯдакӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, Саййидои Насафӣ, Камоли Хуҷандӣ, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ ва дигарон иштироки фаъолона дорад. Дар кафедра тибқи талаботи натиҷагирӣ аз фаъолияти илмӣ-педогогӣ устодони зерин фаъолият доранд:

 

Ихтисосҳои дар назди кафедра амалкунанда:

  1. 1-020301 – Забон ва адабиёти тоҷик;
  2. 1-020305 – Забон ва адабиёти тоҷик.Рӯзноманигорӣ;
  3. 1-21050103 – Забоншиносӣ ва технологияи нави иттилоотӣ;

 

           Ҳайати омӯзгорони кафедра

  1. Саидҷаъфаров Озод Шоҳвалиевич – д.и.ф., – мудири кафедра;
  2. Абдуев Эмом Субҳонович – н.и.ф., - муаллими калон – асосӣ;
  3. Саъдуллоева Муродгул Файзибековна - н.и.ф., - муаллими калон – асосӣ;
  4. Файзуллоев Абдурозиқ Абдулҳакимович - муаллими калон – асосӣ;
  5. Қодиров Дилшод Сайдалоевич - н.и.ф., - муаллими калон – ҳамкори дохила;
  6. Пирхонова Қурбоной - н.и.ф., - муаллими калон – ҳамкори дохила;
  7. Давлатов Умаралӣ Мирзоалиевич - н.и.ф., - муаллими калон – ҳамкори дохила;
  8. Раҳмоналиев Ҷовидон Худоёрович- н.и.ф., - муаллими калон – ҳамкори дохила;
  9. Шаробова Маҳбуба Қурбонмуродовна - н.и.ф., - муаллими калон – ҳамкори дохила;
  10. Усмониён Нозила Усмон - н.и.ф., - муаллими калон – ҳамкори дохила;
  11. Тағоев Саидқул – муаллими калон – асосӣ;
  12. Бахтиёри Исматуллои Зуҳурзода - муаллими калон – ҳамкори дохила;
  13. Абдулманнонзода Муҳаммадсиддиқ Абдуҷаббор - н.и.ф., - муаллими калон –  ҳамкори беруна
  14. Ахатова Насиба Алишеровна – ассистент – асосӣ;
  15. Ҳоҷатуллои Мусои Ҳайдарзода – ассистент – асосӣ;
  16. Қурбонзода Ҳусен Нурмаҳмад – ассисент – асосӣ;
  17. Бойтуров Рамазон Ашурович – ассисент – асосӣ;
  18. Салиева Олуфтамо Юсуповна – ассисент – асосӣ;
  19. Меҳрафзои Низомӣ – ассисент – асосӣ;
  20. Зайнаби Бобохони Тешазода – ассисент – асосӣ;
  21. Каримова Шарифамо Аҳмадовна – ассисент – асосӣ;
  22. Аминова Шаҳло Қурбоналиевна – ассисент – асосӣ;

               

                            Дастовардҳои таълимӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ дар соли таҳсили 2023-2024

            Дар кафедраи мазкур аз ҷониби омӯзгорон чаҳор дастури таълимӣ, 2 монография ва 22 мақолаи илмӣ ба нашр расидааст. Яке аз дастовордҳои кафедра дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” сазовори ҷоиза гардидани як омӯзгори кафедра Саъдуллоева Муродгул Файзибековна  мебошад.