Кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи гражданӣ

 

  • Ҷалолов Ҷамъахон Ҷалолович
  • Мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи гражданӣ
  • Санаи таваллуд: 20.01.1984, Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Е-mail: JAMAKHON.tj@mail.ru
  • Teл: (+992) 985-15-51-14
  • Суроға: ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ 25, б-6

 

                                                             Кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи гражданӣ

           Солҳои дар Донишгоҳ будан марҳилаи муҳими ташаккули шахсияти мутахассиси оянда, шаҳрванд, сохтмони ҷомеаи муқаррарии иҷтимоӣ мебошад. Дар системаи комплексии масъалаи таълиму тарбия тарбияи ҷисмонӣ нақши калон дорад.

 

                            Мақсади тарбияи ҷисмонӣ дар донишгоҳҳо мусоидат ба тайер кардани мутахассисони ботаҷриба ва баландихтисос мебошад.

          Кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи гражданӣ аз соли 2005 то инҷониб дар ДДД бо номҳои гуногун (тарбияи ҷисмонӣ, тарбияи ҷисмонӣ, ташаккули имиҷ ва мудофиаи гражданӣ) арзи ҳастӣ дорад. Он барои тамоми ихтисосҳои ДДД фанни тарбияи ҷисмониро таълим медиҳад. Аз солҳои 2016-2017-ум ба кафедраи мазкур  Қурбонов И.Қ., соли 2017-2022 с. Зарифов Н.М., соли 2022 - 2023с. Абдуллоев Ш.С., аз моҳи апрели  соли 2023 то имрӯз  Ҷалолов Ҷ.Ҷ., роҳбарӣ менамояд. Дар кафедраи мазкур аз рӯи ихтисоси зинаи бакалавр кадрҳо омода карда мешавад. Бояд зикр намуд, ки он кадрҳое, ки дар кафедра омода мешавад, ба талаботи тақозои бозори меҳнат ҷавобгӯ мебошад. Ҳамасола омузгорони кафедра дар конференсияҳои илмиву амалии ҷумҳуриявӣ, донишгоҳӣ, байналмиллалӣ ва мусобиқаҳо иштироки фаъолона доранд.

 

Ихтисосҳои дар назди кафедра амалкунанда инҳо мебошад:

  1. 1-030201, Тарбияи ҷисмонӣ - бакалавр
  2.  1-03020201, Тарбияи ҷисмонӣ. Биология - бакалавр

 

       Ҳайати омӯзгорони кафедра

1.Ҷалолов Ҷаъмахон Ҷаборович – мудири кафедра, асосӣ; 

2. Зарифов Насрулло Маҳмадуллоевич – муаллими калон, асосӣ;

3. Абдуллоев Шарафҷон Сатторович– муаллими калон, асосӣ;

4. Назаров Фирузҷон Латипович - муаллими калон, асосӣ;

5. Раҳимов Ҷовидон Мирзошоевич-  муаллими калон, асосӣ;

6. Амонзода Абубакри Алихон - муаллими калон, асосӣ;  

7. Хоҷамқулов Худоиназар Кавракович – ассистент, ҳ. дохила;

8. Оймаҳмадов Муҳаммад Нуралиевич - ассистент, ҳ. беруна;

 

                                         Дастовардҳои таълимӣ, илмӣ – таҳқиқотӣ дар соли таҳсили 2023 - 2024

         Дар кафедраи мазкур аз ҷониби омӯзгорон як қатор дастуру васоити таълимӣ ва мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла  зиёда аз 9 мақола дар маҷалаҳои тақризшаванда ба нашр расидааст.  Инчунин аз ҷониби омӯзгорони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи гражданӣ барои оммавӣ гардонидани варзиш ва тарзи ҳаёти солим, ҳамзамон барои дарёфти чеҳраҳои нави варзишӣ паёваста мусобиқаҳои варзишӣ аз қабили волейбол, футбол, шашка, шоҳмот, тенниси руйи миз, гирбардорӣ  гузаронида шуда, тими ДДД дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд.