Кафедраи сохтмон ва зебосозии шаҳру деҳот

  • Муҳибуллоев Неъматулло Муҳабатуллоевич
  • Мудири кафедраи сохтмони ва зебосозии шаҳру деҳот
  • 04.03.1994 с.т., Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Email: mukhibulloev@list.ru
  • Тел: (+992) 988-01-39-79
  • Суроға: ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ 25, Б-5/413

 

Кафедраи “Сохтмон ва зебосозии шаҳру деҳот дорои таърихи мухтасари худ мебошад.

Дар  соли таҳсили 2020-2021  кафедраи мазкур бо  номи «Сохтмони гидротехникӣ ва деҳот» таъсис ёфта, роҳбарии онро доктори илмҳои техникӣ, профессор Шарифов Абдулмумин ба ӯҳда дошт.  Дар он вақт  кафедра аз рӯи се ихтисос, яъне  ихтисосҳои  1-70040101-сохтмони гидротехникӣ, 1-740401-сохтмони деҳот ва ободонии муҳит ва 1-69010107-Зебосозии шаҳр мутахассисон омода карда мешуд.

Соли  таҳсили 2021-2022 кафедраи «Сохтмони гидротехникӣ ва деҳот»  ба ду кафедраи мустақил, яъне кафедраҳои  «Фанҳои муҳандисӣ ва сохтмони гидротехникӣ» мудири кафедра Шамсуллоев Ш.А. ва “Сохтмони деҳот ва зебосозии шаҳр”-ро гирифт, ки роҳбарии кафедраро Муҳибуллоев Неъматулло Муҳабатуллоевич дар тобеъияти факултети Сохтмон ва меъморӣ  қарор гирифта буд. Зери фаъолияти кафедра мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои  1-740401-сохтмони деҳот ва ободонии муҳит ва 1-69010107-Зебосозии омода мешуд. Соли 2022  роҳбарии кафедраро доктори илмҳои техникӣ, профессор Шарифов Абдулмумин ба ӯҳда дошт

Бо қарори Шӯрои олимони  Донишгоҳи давлатии Данғара  аз моҳи марти соли 2023 бинобар иваз гардидани сохтори идоравии Донишгоҳи давлатии Данғара номи кафедраи  « Сохтмони деҳот ва зебосозии шаҳр» ба кафедраи “Сохтмон ва зебосозии шаҳру деҳот”  иваз гардида, роҳбарии он ба ӯҳдаи Муҳибуллоев Неъматулло Муҳабатуллоевич  гузошта шуд.   

Инчунин аз моҳи марти соли 2023 то ин ҷониб роҳбарии кафедра ба ӯҳдаи Муҳибуллоев Неъматулло Муҳабатуллоевич гузошта шудааст. Кафедра бо Донишгоҳи Техникии Тоҷикистонба номи  академик М. С. Осимӣ, Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон , Институти геология, сохтмони ба заминҷунби тобовар ва сейсмолоияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурӣ ҳамкорҳои зич дорад.   

Асосан ҳайати асосии омӯзгоронро омӯзгорони ҷавон ташкил дода, ҳамасола дар баланд бардоштани савияи дониш ва дараҷаи  илмии худ кушишу ғайрат ба харҷ дода истодаанд. Мавзуи илмии кафедра “Асосҳои илмӣ-техникии ташкили чорабинињои зидди таровиш дар минтақаҳои обёришавандаи мавзеи Данѓара, балоиҳагирии бино ва иншоот ва самаранокии энергетикии пойгоҳҳои обкашӣ” буда, ҳамаи омӯзгорон дар ин самт корҳои илмии худро пеш бурда истодаанд. Омӯзгорони кафедра дар ҳамаи чорабиниҳои илмию фарҳангии донишгоҳ фаъолона иштирок менамоянд.

       Дар кафедра дар айни ҳол аз рӯи се ихтисос:

  1. 1740401-сохтмони деҳот ва ободонии муҳит
  2. 1-69010107-Зебосозии
  3. 1690101-Меъморӣ

Дар соли таҳсили 2023-2024 дар кафедраи сохтмон ва зебосозии шаҳру деҳот 6- нафар ҳайати омӯзгорони асосӣ, ҳамкорони дохила ва беруна  фаъолоят менамоянд, ки дар ҷадвали зерин оварда шудааст.

  1. Муҳибуллоев Неъматулло Муҳабатуллоевич
  2. Бобохонов Фирдавс Шамсиддинович
  3. Тоирзода Сухроб Тоир
  4. Саидзода Музаффар Маҳмадшариф
  5. Назарова Дилафруз Шералиевна
  6. Асоев Мирали Шарипович

Дастовардҳои таълимӣ, илмӣ – таҳқиқотӣ дар фаъолияти кафедра, тайи солҳои 2020-2023

Дар кафедраи сохтмон ва зебосозии шаҳру деҳот аз ҷониби ҳайати омӯзгорон ва професорони кафедра як қатор дастуру васоити таълимӣ, китобҳои дарсӣ, монографияҳо ва мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла 1 китоби дарсӣ,  16 дастури таълимӣ-методӣ, 2 монография,  4 патенти ихтироот ва зиёда аз  50 мақолаҳои илмӣ  дар конференсияҳо ва маҷалаҳои илмии тақризшаванда ба нашр расонида шудааст.