Кафедраи таъминоти барқ

  • Абдулақов Аслам Пирович
  • Мудири кафедраи таъминоти барқ
  • Номзади илмҳои техникӣ
  • 29.11.1986 с.т., Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Email: a.abdulakov@mail.ru 
  • Тел: (+992) 905-55-00-31
  • Суроға: ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ 25, Б5/409

 

Таърихи кафедраи таъминоти барқ

Кафедраи таъминоти барқ зодаи даврони навин буда, аз соли 2021 то инҷониб дар ДДД бо номҳои гуногун (электротехника ва таъминоти соҳавии барқ, таъминоти барқ) арзи ҳастӣ дорад. Он барои ихтисосҳои амалкунандаи равияи муҳандиси ДДД таълим медиҳад. Аз соли 2021 ба кафедраи мазкур  н.и.т. Абдулақов А.П. роҳбарӣ менамояд. Дар кафедраи таъминоти барқ аз рӯи ихтисоси зинаи бакалавр кадрҳо омода карда мешаванд. Бояд зикр намуд, ки  он кадрҳое, ки тайёр менамояд ба талаботи тақозои  бозори  меҳнат  мебошад. Ҳамасола кафедра дар конференсияҳои  илмиву амалии ҷумҳуриявӣ, донишгоҳӣ, байналмилалӣ иштироки фаъолона дорад. Дар кафедра як ихтисос 1-43010301 таъмини корхонаҳои саноати бо барқ фаъолият мекунад.

 

Дастовардҳои таълимӣ, илмӣ – таҳқиқотӣ дар соли таҳсили 2022 - 2023

Дар кафедраи мазкур аз ҷониби омӯзгорон як қатор дастуру васоити таълим, китобҳои дарсӣ, монографияҳо ва мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла 1 монографияи илмӣ, 1 китоби дарсӣ, зиёда аз 6 дастуру васоити таълим,3 нахуст патент дар соҳаи ихтироот ва  40 мақолаи илмӣ ба нашр расидааст.