ТАНТАНАҲОИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА

Бо дастгирию пуштибонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзиш дар даврони истиқлол ба таври бесобиқа рушд намуд.

Боиси ифтихор аст, ки бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ қабул шудани Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи муқаррар шудани 25 май ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии футбол” низ як далели эътирофи рушди варзиш дар кишвари мо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.

25 майи соли 2024 бо ибтикори ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, профессор Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ баҳри дар сатҳи сазовор таҷлил намудани “Рӯзи ҷаҳонии футбол – 25 май" ҳайати бисёрнафараи кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ бо шиору овезаҳои идона дар роҳпаймоии тантанавии ноҳиявӣ фаъолона иштирок намуданд.