Хусусиятҳои терроризм дар асри ХI

Хусусиятҳои терроризм дар асри ХI

"Терроризм" - ин калимаро дар асри XXI, эҳтимолан, ҳама шунидаанд. Бисёриҳо мегӯянд, ки ин идеология ё сиёсатест бар асоси тарсу ҳарос додан. Ин фикр агарчи то андозае дуруст аст, аммо танҳо як қисмати он аст. Дар гузашта, бо мақсади тағйир додани сиёсати берунӣ ва ё дохилӣ, ё ноил шудан ба ҳадафҳои худ, террористон дар навбати аввал ба шахсиятҳои мушаххас ҳамла мекарданд, вале имрӯз вазъият тағйир ёфтааст.

 

Терроризм дар асри 21- як василаи оғози ҷанг шудааст. Он ҳеҷ тафовуте аз «ҷанги иттилоотӣ», «ҷанги партизанӣ», «ҷанги иқтисодӣ» ё ҳамлаҳои дигар, надорад. Ҳадафи ҳама гуна ҷангҳо ғалаба аст (новобаста аз он ки "сард" ё "гарм" аст) ва агар дар амалиёти низомӣ минтақаҳои нав забт карда шавад, пас терроризм қудрати таҳқирдиҳӣ, ангехтани тарс ва ваҳшоният дар тарафи муқобил аст.

 

Барои равшанӣ андохтан ба ин масъала, мо бояд намудҳои гуногуни терроризм, аз ҷумла созмонҳои динӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, созмонҳои гуногуни террористӣ - ДОИШ, “Толибон”, “Ал-қоида”,“Ҳизб-ут-таҳрир” ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ, ки онҳоро ташкил ва ҷалб мекунанд, таҳлил намоем. Мо бояд бо терроризм ҳамчун «падидаи таърихӣ» муносибат кунем, ки дорои хусусиятҳои хос ва инкишофи таърихии худ мебошад.

 

Ҳар як ҷанг ду ҳадаф дорад: стратегӣ ва тактикӣ. Стратегӣ – ҳадафи ягона, масалан, ғалабаи ҷанг, тағйири сохтори қудратӣ, тағйироти бозорҳои иқтисодӣ ва ғ.. Тактикӣ - ин ҳадафҳои маҳаллӣ ё миёна, масалан, ба даст овардани шаҳр, гузаронидани амалиёт ё беэътибор намудани ҳукумати мавҷуда.

 

Терроризм танҳо ҳадафҳои тактикиро дунбол мекунад: беэътибор сохтани сохтори давлат, террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Бо ин мақсад онҳо ҷойҳои серодам, монанди беморхонаҳо, мактабҳо, калисоҳо, кӯдакистонҳо, метро ва ғайраро ҳадаф қарор медиҳанд. Дар ҳолати бо муваффақ анҷом шудани амали террористӣ, марҳилаи тарсу ҳарос оғоз мешавад. Дар ин давра одамон барои баромадан аз хонаҳои худ, истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ, омадан дар чорабиниҳои умумӣ ва ғайра ҳарос доранд.

 

Айни замон вобаста ба амалҳои террористӣ вазъи ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад.

 

Дар замони мо, ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши терроризм, фундаментализм, экстремизм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд. Тавре ишора намудем, ҳадафи ҳар як амали террористӣ ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст. Мақсади теракт на шумораи қурбониён, балки вокуниши мардум ба он аст.

 

Мо бояд дарк намоем, ки терроризми асрҳои XIX ва XXI инҳо падидаҳои мухталиф ҳастанд. Масалан, асри ХХ - асри ҷанги ҷаҳонӣ ва оқибатҳои он; асре, ки ба ақидаи таҳлилгарон ба се қисм тақсим гардидааст: идомаи бофосилаи асри XIX, замони ҷанги ҷаҳонӣ ва бетартибиҳои башарӣ, оғози хеле зуди асри XXI. Дар асри XIX, ҳамаи ҳамлаҳои террористӣ ба шахсони мушаххас равона шуда буданд - бо хоҳиши ба даст овардани ашхоси алоҳида, тағйир додани сиёсат ё раванди таърих. Аммо имрӯз стратегияи он на қатли шахси алоҳида ва ё маҷмӯи одамон, балки бештар тарсу ҳарос афкандан аст.

 

Хусусияти муҳимтарини терроризм дар асри XXI – табдил шудани он ба як мушкилоти сиёсӣ ва иқтисодӣ аст. Аниқтараш, ҳамин мушкилоти чандҷанбаӣ боиси рушди терроризм гардидааст.

 

Дигар хусусияти терроризм – фарогирии миқёси умумист. Агарчӣ он хеле даҳшатнок садо медиҳад, вале дигар эҳсоси амният аз ҳамлаҳои террористӣ дар ҳеҷ ҷойи дунё боқӣ намондааст. "Ҷуғрофияи терроризм" хеле фарогир шудааст, аз «кишварҳои дур» (Ироқ, Димишқ, Исроил) оғоз ёфта, то бо "кишварҳои амн" - Иёлоти Муттаҳида ва Британияи Кабир хотима меёбад. Ба ақидаи таҳлилгарон, имрӯз ҷаҳон дар муқобили терроризм сангар гирифта, ба он чӣ иттифоқ меафтад вокуниш мекунад ва аз амалисозии он ҷилавгирӣ менамояд, аммо ба таври комил бо ин проблема мубориза намебарад.

 

Хулоса, имрӯз терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Он дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд.