Факултети идоракунии давлат ва ҳуқуқ

                                                                                                                                                                                                

                                                                                                                                                     Исмоилзода Маъруф Искандар

                                                                                                                Иҷрокунандаи вазифаи декани факултети Идоракунии давлат ва ҳуқуқ

 

 

Исмоилзода Маъруф Искандар - 20 октябри соли 1996 дар н.Данғара таваллуд шудааст. Соли 2013 ба факеултети Идоракунии давлат ва ҳуқуқ дохил шуда, соли 2017 онро бо ихтисоси иқтисодчӣ-менеҷер хатм намудааст. Ҳамчунон мавсуф соли 2019 дараҷаи магистриро дар Донишгоҳи давлатии Данғара бо ихтисоси ҳуқуқшинос ба итмом расонидааст. Исмоилзода Маъруф Искандар унвонҷӯи кафедраи фанҳои гуманитарӣ ба шумор меравад.

  • ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ:
  • Солҳои 2017-2019 - Магистранти Донишгоҳи давлатии Данғара;
  • Солҳои 2019-2022 - Ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ;
  • Аз 01.11.2022 то ба ҳол - Иҷрокунандаи вазифаи декани факултети Идоракунии давлат ва ҳуқуқ ба ҳисоб меравад.

 

МАҚСАДИ МО-тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар самти идораи давлатӣ, ҳуқуқшиносӣ, донандаи технологияҳои мултимедӣ ва таърихи халқи тоҷик, инчунин омода ба фаъолият дар бозори озоди меҳнат ва муҳити инноватсионии таҳсилот, ки  ҳамчун заминаи рушди инсонӣ мебошад. Зеро пайванди амиқтари илм ва истеҳсолот аз ширкати васеъ ва босамари муассисаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ вобаста мебошад.         

 

 

ФАКУЛТЕТ ДОРОИ 4 КАФЕДРА МЕБОШАД:

  • 1. Ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсия
  • 2. Таърихи умумӣ
  • 3. Сиёсатшиносӣ ва идораи давлатӣ
  • 4. Фанҳои гуманитарӣ

    Маълумоти оид ба теъдоди омӯзгорони факултет дар соли таҳсили 2022-2023

     Теъдоди аспирантону унвонҷӯён дар соли таҳсили 2022-2023 дар факултет

       Ҳимояҳои рисолаҳо аз рӯи ихтисос дар факултет (соли таҳсили 2022-2023)

           Синну соли ҳайати омӯзгорони факултет дар соли таҳсили 2022-2023

                Номгӯи ихтисосҳо ва равияҳои факултет дар соли таҳсили 2022-2023

                           Теъдоди донишҷӯёни факултет дар соли таҳсили 2022-2023

        Ба таърихи 10 июни соли  2023  теъдоди донишҷўёни факултет 502 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор 86  нафар духтар ва 416  нафар писарон мебошанд. Дар факултет 123  нафар донишҷӯй тибқи буҷаи давлат таҳсилкунанда (аз ҷумла 3 нафар тибқи квотаи президентӣ) ва 379 нафар донишҷӯй тариқи шартномавӣ таҳсил менамоянд. Аз теъдоди умумии донишҷӯёни факултет 1 нафар ятими кул ва 1 нафар маъюб мебошанд.

                           ДАСТОВАРДҲОИ ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТ ДАР ОЗМУНҲО

  •          Аз аввали соли таҳсил устодони факултет бо донишҷӯён ҷиати иштирок дар озмунҳо ба донишҷӯён кор карда, онҳоро роҳбаладӣ намудаанд:
  • 1.Дар озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин донандаи Конститутсия” бахшида ба рӯзи Конститутсия дар санаи 5.11.2022, ки дар Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон доир гардид Шарипов Амонулло донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 1-930101 – Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ ширкат намуда, сазовори ҷойи 3-юм гардидаанд.
  • 2.Дар олимпиадаи ҷумҳуриявии фаннӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 20 майи соли 2023 Шомуродов Низомиддин ширкат варзидаанд, сазовори ҷойи 4 – ум гардидаанд.
  • Дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон оинаи таърихи миллат” аз ҳисоби донишҷӯён зери роҳбарии устодони факултет 5 нафар ширкат варзидаанд, ки дар даври ноҳиявӣ чунин ҷойҳоро сазовор гардидаанд:
  • 1.Оламафрӯзи Илҳомҷон донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 1-020102 – Таърих ва ҳуқуқ ҷойи 1-ум;
  • 2.Фаризабонуи Тоирҷон донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 1-930101 – Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ ҷойи 2-юм;
  • 3.Абдуллоев Сафаралӣ донишҷӯи курси 4- уми ихтисоси 1-020102 – Таърих ва ҳуқуқ ҷойи 3-юм;
  • 4.Ҳайитов Ҷаҳонгир донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 1-930101 – Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ ҷойи 3-юм;
  • 5.Одилзода Муллонаврӯз донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 1-930101 – Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ ҷойи 3-юмро соҳиб гардидаанд.
  • Дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ” аз ҳисоби устодон Азизов К.Ҷ. дар даври ноҳиявӣ ширкат варзида ҷойи 3-юмро соҳиб гардидаанд ва барои даври вилоятӣ роҳхат ёфтаанд.

                    КОНФЕРЕНСИЯ, СЕМИНАР ВА ЧОРАБИНИҲОИ ИЛМӢ ДАР ФАКУЛТЕТ

  •          Боизи зикри хос аст, ки дар давоми соли сипаришуда то давраи ҳисоботӣ дар факултет 2 конференсияи ҷумҳуриявӣ, 4 семинари илмӣ, 2 мизи мудаввар доир карда шуд.
  •          Дар таърихи 05.11.2022 конференсияи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 29-умин солгарди қабули Конститутсия дар мавзуи “Конститутсия бахтномаи миллат” ва дар таърихи рӯзи 27.05.2023 конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Терроризм омили таҳдидкунандаи пойдории давлатҳо дар шароити ҷаҳонишавӣ” дар сатҳи баланд гузаронида шуда, дар он 74 мақолаҳои олимону муҳаққиқон, устодон, унвонҷӯён ва магистрантон ҷамъоварӣ гардида аз чоп бароварда шудааст.
  •          Дар сатҳи факултет семинарҳо ва маҳфилҳои илмӣ пайваста гузаронида мешаванд дар кафедраи таърихи умумӣ маҳфил бо номи “Ориёно”, “Тоҷикон”, дар кафедраи фанҳои гуманитарӣ “Чароғи маърифат”, дар кафедраи сиёсат ва идораи давлат “Давлатмеҳварӣ” дар кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсия “Ҳомии қонун” пайваста гузаронида мешавад.

 

  • ТАҶРИБАОМӮЗИИ ДОНИШҶӮЁН:
  • Таҷрибаомӯзии донишҷӯёни факултет тибқи нақшаҳои таълимӣ аз рӯи се самт ба роҳ монда мешавад: педагогӣ, таълимӣ ва истеҳсолӣ, ки онҳо дар навбати хеш дар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, маркази адлия, мақомоти судӣ, ҳокимияти иҷроия ва муассисаҳои тахассусӣба таҷрибаомӯзӣ фарогир мешаванд.