Муовини ректор оид ба илм

 

ҚОДИРЗОДА ХУРШЕД ҚОДИР

  • Муовини ректор оид ба илм
  • номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
  • 22.10.1973 с.т., Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Рӯзҳои қабул:
  • Сешанбе: 14:00 - 16:00
  • Ҷумъа: 14:00 - 16:00
  • Телефон: (+992) 934348558
  • E-mailAndoz-73@mail.ru  
  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Марказӣ 25, Б3/301.

 

Қодирзода Хуршед Қодир - муовини ректор оид ба илми Днишгоҳи давлатии Данғара. 22 октябри соли 1973 дар ш.Панҷакент таваллуд шудааст. Соли 1990 ба Донишкадаи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ дохил шуда, соли 1995 онро бо ихтисоси автомобил ва хоҷагиҳои автомобил, касби муҳандис-механик хатм намудааст. Ҳамчунон соли 2012 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқро бо ихтисоси нозири андоз хатм намудааст. Аъзои Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон аз соли 1998 мебошад. 

ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ:

  • Солҳои 1995-1997 – Корманди Вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи ш.Душанбе;
  • Солҳои 1997-1998 – Ёвари ректори Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ, ш.Душанбе;
  • Солҳои 1998-2002 – Муовини декани факултети таҳсили ғоибона дар Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ, ш.Душанбе;
  • Солҳои 2002-2006 – Муаллими калони кафедраи андоз ва андозбандии Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ, ш.Душанбе;
  • Солҳои 2006-2010 – Сардори шуъбаи илм, инноватсия ва робитаҳои хориҷии Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, ш.Душанбе;
  • Солҳои 2010-2012 – Мудири кафедраи “Молия ва андоз”-и Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, ш.Душанбе;
  • Солҳои 2012-2015 – Мудири кафедраи андоз ва андозбандии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, ш.Душанбе;
  • Солҳои 2015-2018 –  Дотсенти кафедраи андоз ва андозбандии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, ш.Душанбе;
  • Солҳои 2018-03.01.2018 – Сардори раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, ш.Душанбе;
  • Солҳои 2018-2023 – Директори Пажуҳишгоҳи илмию таҳқиқотии “Молия”-и назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, ш.Душанбе;
  • Аз моҳи апрели соли 2023 то ба ҳол – Муовини ректор оид ба илми Донишгоҳи давлатии Данғара, н.Данғара.