Маълумоти умумии кафедра

КАФЕДРАИ ҲАРБӢ

Кафедраи ҳарбии Донишгоҳи давлатии Данғара бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2014, №261 ва фармони вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2014, №329 дар заминаи филиали кафедраи ҳарбии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур таъсис дода шуда, фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумиҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2014, таҳти №344 «Дар бораи Низомномаи ташкил ва ба роҳ мондани таълим дар кафедраҳои ҳарбии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ», фармонҳои вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрӣ ба роҳ мондааст.

Дар кафедраи ҳарбии Донишгоҳи давлатии Данғара аз рӯи 7 воҳиди корӣ афсарон ба фаъолият машғул мебошанд. Ҳамзамон бо фармоиши ректори донишгоҳ 2-нафар афсарон аз эҳтиёт буда ба кор даъват шуданд, ки ба донишҷӯён аз тайёрии ҳарбӣ машғулиятҳо мегузаронанд. 
Ному насаби ҳайати афсар-омӯзгорони кафедра дар ҷадвали 1 оварда шудааст.
                                                                                                                               


 

Ному насаб

Вазифа

Рутба

Маълумот

Курсҳои иловагӣ

1

Умаров 
Сулаймон Сафаралиевич

Сардори кафедра

полковник

Донишкадаи ҳарбии ВМ ҶТ соли-2003

Мактаби омӯзиши пиёданизом
(Фаронса, с.2007)

 

2

Исматуллоев 
Парвиз 
Нуралиевич

Сардори сикли тайёрии тактикӣ-оташфишонӣ

подполковник

Донишкадаи ҳарбии ВМ ҶТ соли-2005

Курси афсари ҷавон (Ҳиндустон, с.2005);
Курси фармондеҳи ситодӣ (Хитой с.2008)

 

3

Исупов 
Ҷонибек 
Акобирович

Сардори сикли тайёрии техникӣ-ақибгоҳӣ

подполковник

Донишкадаи ҳарбии ВМ ҶТ соли-2005

Курси афсари ҷавон (Ҳиндустон, с.2006);
Курси фармондеҳи ситодӣ (Хитой с.2011)

 

4

Раҳмонов Фирӯз Валихонович

Сардори сикли тайёрии умумиҳарбӣ

подполковник

Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур с.2006

 

-//-

 

5

Олимов Баҳриддин Абдуалимович

Муаллими калони тайёрии умумиҳарбӣ

капитан

Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ с.2010

-//-

 

6

Суфиев Шарофиддин Раҳмонович

Муаллими калони сикли тактикӣ-оташфишонӣ

капитан

Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа

-//-

 

Афсарони аз эҳтиёт даъватшуда

7

Шарипов Самиало Исматович

Муаллими калони сикли тактикӣ-оташфишонӣ

полковник

Донишкадаи тарбияи ҷисмони Тоҷикистон с.1994

Академияи ҳарбӣ-артиллерии ҚМФР ш. С. Петербург с. 2011

8

Хайрулозода Хусрави Иззатулои

Муаллими калони сикли тактикӣ-оташфишонӣ

Лейтенанти калон

Донишгоҳи давлатии Данғара
с. 2013

 

Кафедра аз рӯи ихтисоси «Командири взводи савораи тирандоз дар МҶП-2» мутахассисони эҳтиётиро барои ҚМ ҶТ омода мекунад. Лозим ба ёдоварист, ки дар кафедра ихтисоси «Сардори хадамоти хурока» ба нақша гирифта шуда, барномаи таълимиаш омода карда шудааст ва бо дастгирӣ ва иҷозати роҳбарияти Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ҷалби афсарони соҳавӣ дар ихтисоси мазкур донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Ба ин ихтисос ҷалби донишҷӯёни факултети аграрӣ ва истифодабарии захираҳои табиӣ дар назар аст. Роҳбарияти кафедраи ҳарбӣ ҷиҳати амалӣ намудани нияти мазкур дар соли таҳсили 2017 тамоми чораҳоро меандешад. 

Вазъи имрӯзаи кафедраи ҳарбиро метавон чунин нишон дод: 2-синфхонаи тайёрии тактикӣ 41х2=82 ҷои нишаст, 1-синфхонаи разведка бо 31 ҷои нишаст, синфхонаи тайёрии техникӣ дорои 31 ҷои нишаст; 1 синфхонаи ақибгоҳӣ бо 42 ҷои нишаст, толори лексионӣ бо  80 ҷои нишаст, 3 синфхонаи умумиҳарбӣ 31+31+42 ҷои нишаст 2 синфхонаи тайёрии оташфишонӣ дорои 41+41 ҷои нишаст ва 1 синфхонаи тайёрии муҳандисӣ дорои 31 ҷои нишаст. Ҳамагӣ дар кафедра 483 ҷои нишаст мавҷуд аст. Ҳамаи синфхонаҳои дар ихтиёр дошта пурра бо айёниятҳои зарурӣ ҷиҳозонида шудаанд, ки афсарону донишҷӯён аз онҳо васеъ истифода мебаранд.

Қабули донишҷӯён ба кафедраи ҳарбӣ
 

 Кафедраи ҳарбӣ фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2014, таҳти №344 «Дар бораи Низомномаи ташкил ва ба роҳ мондани таълим дар кафедраҳои ҳарбии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ», фармони муштараки Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.07.2014, таҳти №485 ва фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.07.2014, таҳти №1576 «Дар бораи тасдиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба кафедраҳои ҳарбии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», мактуби Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №26/2-12 аз 03.06.2015 «Дар бораи ба пуррагӣ ҷалб намудани донишҷӯён ба кафедраҳои ҳарбии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ», мактуби Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон №05/1-12 аз 17.06.2015 ва мактуби Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон №15/932 аз 10.11.2015 ба ректори Донишгоҳи давлатии Данғара «Дар бораи ба пуррагӣ фаро гирифтани донишҷӯён ба таҳсил дар кафедраи ҳарбӣ» ба роҳ монда, ҳамаи довталабонро дар асоси ариза ва пешниҳод намудани парвандаҳои шахсӣ ба кафедраи ҳарбӣ ҷалб намуд. Инчунин роҳбарияти кафедраи ҳарбӣ ҳангоми қабули донишҷӯён ба кафедраи ҳарбӣ вазъияти ҷаҳони муосир, гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, аз он ҷумла ба сафҳои гуруҳҳои террористии бо ном “Давлати исломӣ», вазъият дар марзи ҷумҳурӣ бо давлати ҳамсоя Афғонистонро ба инобат гирифта, ҳамаи донишҷӯёнро барои гузаштан аз курси тайёрии ҳарбӣ даъват намудааст, то ки ҷавонон аз тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ қафо намонда, аз тайёрии ҳарбӣ гузаранд ва дар ҳолати зарурӣ барои ҳимояи Ватани азизу маҳбубамон омода бошанд. Айни ҳол барои донишҷӯёни ҷалбшуда, ҷадвали дарсҳо тартиб дода шудааст, ва онҳо бо шавқу завқи баланд ба дарсҳо иштирок намуда, илми ҳарбӣ меомузанд.

Корҳои илмӣ-методӣ дар кафедраи ҳарбӣ

         Дар шароити нави гузариш ба низоми таҳсилоти кредитӣ афсарони кафедраи ҳарбӣ ба мақсади баланд бардоштани сифати таълим ва бо усулҳои замонавӣ гузаронидани машғулиятҳо талошҳои зиёд намуда, натиҷаҳои назаррас ҳам ба даст овардаанд. Дар кафедра ҷадвали иштирок ба дарсҳои ҳамдигар мавҷуд мебошад, ки мувофиқи он омӯзгорон ба дарсҳои якдигар даромада, аз таҷрибаи ҳамдигар бархӯрдор мегарданд. Матни лексияҳо аз ҳамаи фанҳои таълимӣ дар кафедра мувофиқи барномаи таълимӣ бо забони давлатӣ мавҷуд мебошанд. Афсарон дар соли сипаришуда матни лексияҳоро аз сари нав таҷдиди назар карда, дарсҳоро аз тариқи барномаи компютерии Microsoft Office Power Point мегузаронанд. 

Лозим ба ёдоварист, ки бори аввал дар кафедра бо кумаку дастгирии бевоситаи ректори донишгоҳ китобхонаи ҳарбӣ дар базаи кафедраи ҳарбӣ кушода шуд. Айни ҳол корҳо оид ба пуррагардонии китобхона бо адабиётҳои дарсӣ бо суръат рафта истодаанд. Дар сурати ба фаъолият шуруъ намудани китобхона на танҳо афсарону донишҷӯёни кафедра, балки тамоми афсарон ва кормандони сохторҳои низомии дар ноҳия буда, метавонанд аз он васеъ истифода намоянд.

Корҳои тарбиявӣ дар кафедраи ҳарбӣ

Дар кафедраи ҳарбӣ корҳои тарбиявӣ дар асоси фармонҳо, директиваҳо ва дастурҳои вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои сардорон, Консепсияи миллии тарбия ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ба роҳ монда шудааст. Дар асоси ҳуҷҷатҳои мазкур дар кафедра нақша-чорабиниҳо оид ба мустаҳкам намудани интизоми ҳарбӣ тартиб дода шуда, мувофиқи он ҳамаррӯза ба мақсади дар донишҷӯён ташаккул додани шуури баланди сиёсӣ, зиракӣ, содиқ будан ба Ватан, мардонагӣ ҷасорат, пуртоқатӣ ва нисбат ба душман нафрат доштан 30 дақиқа дарсҳои тарбиявӣ гузаронида мешавад.

Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарини Консепсияи миллии тарбия ба шумор рафта, кафедра аз рӯи он амал мекунад. Он дар донишҷуён ташаккул додани сифатҳои баланди маънавӣ, сиёсӣ, касбӣ, ҷангӣ ва рӯҳиро барои иҷрои вазифаи муқаддаси ҳимояи ватан бедор мекунад. Аз ин рӯ афсарони кафедраи ҳарбӣ ҳамаи кӯшишҳоро ба он равона мекунанд, ки ба донишҷӯён хислатҳои ҳамидаи дар боло зикршударо омӯзонанд.