Муносибатҳои байналмилалӣ

 

АЛИМОВ НАСИМ ОЛИМОВИЧ

  • Муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ,
  • номзади илмҳои физика-математика
  • 12.06.1966 с.т., Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Рӯзҳои қабул:
  • Ҷумъа: 14:00-16:00
  • Шанбе: 09:00-11:00
  • Телефон: (+992) 93 500-22-33
  • E-mail: nasim_2005@bk.ru
  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Марказӣ 25, Б1/204.

 

Алимов Насим Олимович - муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии дрнишгоҳи давлатии Данғара. 12.06.1966 дар н. Айнӣ таваллуд шудааст. Соли 1990 Донишгоҳи давлатии агротехникии шаҳри Москваро аз рӯи  ихтисоси “Элекрикомеханиконӣ ва автоматиконӣ дар истеҳсолот” бо касби муҳандиси барқ хатм намудааст. Соли 1996 – Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси “Менеҷмент ва маркетинг” бо касби менеҷер ва маркетолог хатм намудааст. Ҳамчунон соли 2017 – Филиали Донишкадаи пӯлод ва хулаҳои он шаҳри Москва («МИСИС») дар шаҳри Душанберо аз рӯи ихтисоси «Металлургияҳои ранга» бо ихтисоси муҳандис-технолог хатм намудааст. Аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маљлиси кормандони соҳаи маориф аз 4.10.2006 бо мукофот қадр карда шудааст. Дорандаи Нишонаи “Аълочии соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ” ва “Аълочии соҳаи матбуот” мебошад. Аъзои Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон аз соли 1998 мебошад. 

ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ:

  • Солҳои 1990-1991 - Вазорати хоҷагии қишлоқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳандиси Маркази ҷумҳуриявии стандартикунонӣ ва метрологӣ;
  • Солҳои 1991-1994 – Аспиранти шӯъбаи рӯзонаи Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии физикаи шаҳри Санкт-Петербург;
  • Солҳои 1991-1992 - Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, ассистенти кафедраи «Таъмири автомобилӣ»;
  • Солҳои 1992-1994 - Донишкадаи илмӣ-тадқиқотии физикаи шаҳри Санкт-Петербург, аспиранти шӯъбаи рӯзона;
  • Солҳои 1994-1998 - Муассисаи таълимии хусусии маркази байналхалқии “Университет”, сардори шӯъбаи таълим, директори марказ;
  • Солҳои 1998-2002 - Омӯзишгоҳи касбию техникии №53, директор;
  • Солҳои 2002-2006 - Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори инспексияи давлатии соҳаи таҳсилоти касбӣ, сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва бозомӯзии кадрҳо;
  • Солҳои 2006-2008 - Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;
  • Солҳои 2008-2014 - Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори раёсати муассисаҳои илмию таълимӣ;
  • Солҳои 2014-2016 - Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори раёсати муассисаҳои илмию таълимӣ;
  • Аз 1-уми августи соли 2016 то ба ҳол, муовини ректор оди ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Данғара мебошад.

 

МАЪЛУМОТИ УМУМӢ ДАР БОРАИ ҲАМКОРИҲОИ ДОНИШГОҲ БО МУАССИСАҲО ВА ТАШКИЛОТҲОИ ХОРИҶӢ

ЛОИҲАИ ERASMUS+

1. Донишгоҳи техникии Дрезден (Олмон)

 

                                                             ШАРИКОН ХОРИҶӢ ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ РУШДИ ТАҲСИЛОТИ ОЛӢ

1. Донишгоҳи миллии захираҳои об ва истифодабарии табиат (Украина, ш. Ровна)

2. Мактаби олии аграрӣ (Фаронса, ш. Аэн).

3. Донишкадаи технологии Федералии Шветсария (ш. Цюрих)

4. Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ

 

АМАЛӢ НАМУДАНИ ЛОИҲАИ TACES

 

Дар таърихи 04.04.2019 дар доираи лоиҳаи TACES (Муқаддимаи таҳсилоти аврупоии байнириштаӣ дар Тоҷикистон), ки бо дастгирии барномаи «Эразмус +» дар Тоҷикистон амалӣ мегардад, дар Донишгоҳи миллӣ таҳти унвони «Омӯзишҳои байнифаннии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор гардид.

Ёдовар мешавем, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи мазкур бо донишгоҳҳои Аврупо ҳамкорӣ доранд.

Дар семинари хотимавӣ шарикони Аврупоӣ, Донишгоҳи техникии Дрезден, Донишгоҳи Тартуи Оликол, Донишгоҳи Чехия, ки шарикони асосии лоиҳаи TACES мебошанд, баромад намуда ва ба ҳар як шарикони Тоҷикистон баҳои баланд доданд.

Шарикони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
1. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
2. Донишгоҳи давлатии Данғара.
3. Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон.
4. Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев.
5. Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон.