Китобхонаи электронӣ ва анъанавӣ

Азизов Асомуддин
Мудири китобхонаи электронӣ ва анъанавӣ
Саромӯзгор 
E-mail : 
Телефон: (+992)

Мудирияти китобхонаи илмии ДДД фаъолияти хешро тибқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», «Дар бораи маориф», «Барномаи давлатии рушди соҳаи китобдорӣ барои солҳои 2012-2020», Оиннома ва низомномаи ДДД, 5- талаботи муқаррарнамудаи муҳими фаъолияти касбӣ, ки аз ҷониби ректори донишгоҳ тасдиқгардида, низомномаи китобхонаи илмӣ ва дигар асноду дастурҳои библографӣ ба роҳ монда дар давоми соли 2015 ва чормоҳаи аввали соли 2016 як қатор корҳои назаррасро ба анҷом расониданд. Нақшаи кори китобхона барои соли таҳсили 2016-2017 тартиб дода шуда аз тарафи проректор оид ба илм ва татбиқот тасдиқ карда шудааст: (аз 01.09.2016с). Дар нақша тамоми самтҳои фаъолияти китобдорӣ, ҳадафҳои асосии он маҳфилу чорабиниҳо, тақсимоти адабиётҳои тахассусӣ, содироти китобҳои таълими ва илмию бадеӣ аз сарчашмаҳо, ҷалби устодону донишҷӯён ба китобхона ва дигар масъалаҳо ва чорабиниҳо мукаммалу аниқ нишон дода шуда, зери назорати доимии мудир қарор дорад. Тибқи 5-талаботи муҳими фаъолияти касбӣ, ки аз ҷониби Ректори донишгоҳ тасдиқ гардидааст, ҳамаи кормандони китобхона дар ҳайати:
1. Мудир - Азизов А.Ҷ.
2. Китобшиноси калон – Қурбонова О.К
3. Методист оид ба намоиши китобҳо- Кенҷаева С.
4. Нозири китобхона – Раупова М.
Вазифадор шудаанд, ки дар муҳлати муайян ва ҳамарӯза талаботҳои муқаррарнамудаи ректори донишгоҳро сари вақт ва бо сифати баланд ба иҷро расонанд.Минбаъда бо ибтикори раёсати донишгоҳ ва тибқи шартнома ба таври ройгон нақди ва ғайринақдӣ ба китобхонаи илмӣ воридшавии адабиётҳои зарурӣ идома дода мешавад. Аз рӯи мониторинги гузаронида шуда айён гардид, ки то 20-уми декабри соли 2016 дар ҳисоби захиравии китобхонаи илмии донишгоҳ чунин миқдор адабиётҳо вуҷуд доранд. Ҳамагӣ – миқдори умумии китобҳо – 9160 адад аз он ҷумла:

Таълимӣ – 7540
Бадеӣ - 854
Илмӣ - 556
Оммавӣ - 210.

Мониторинги хониши асарҳои бадеи, илмӣ, ва таълимӣ муайян намуд, ки бисёр донишҷӯён ва омӯзгорон дар вақти гузаронидани соатҳои тарбиявӣ, конференсияҳо, навиштани корҳои курсӣ, реферату, маърӯзаҳо, аз маводҳои рӯзномаю, маҷаллаҳо муташакиллона истифода мебаранад. Китобхона барои ба осони дастрас намудани адабиётҳои таълимӣ дар китобхона ҳар як тахассус, фанҳо ва ихтисосҳоро ба шуъбаҳои алоҳида номнавис кардааст. Мудирияти китобхонаи илмӣ дар давоми соли хониши 2017 минбаъда тамоми чораҳоро мебинад, ки камбудиҳо ва нуқсонҳои дар самти хизматрасонӣ ба донишҷӯёну устодонро ислоҳ намуда, баҳри беҳтару хубтар таъмин намудани хонандагон бо адабиётҳои зарурӣ ва ҷалби хонандагон ба китобхона, баланд бардоштани маърифати хизматрасонӣ маърифати китобдорӣ ва истифодаи китобҳо, ташкили чорабиниҳои таъсирбахши самараноки тарбиявӣ тадбирҳо андешида, бо ин васила дар таълиму тарбияи донишҷӯён ва истиқболи сазовори ҷашнвораҳои дар пеш истода 20-солагии иди Ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошанд.