Дар Донишгоҳи давлати Данғара таҳсил дар шакли рӯзона ва ғоибона ба роҳ монда шудааст. Таҳсил дар асоси шартнома ва ҳамчунин аз ҳисоби буҷет ба роҳ монда шудааст. Мӯҳлати таҳсил 4-5 сол.
Қабули довталабон барои ба даст овардани маълумоти олӣ дар асоси натоиҷи имтиҳоноти дохилшавӣ дар муассисаи давлатии «Маркази миллии тестӣ» амалӣ карда мешавад.
ШАКЛИ РӮЗОНАИ ТАҲСИЛ
Муҳлати таҳсил дар шакли рӯзона 4 сол мебошад. Раванди таълим барои муҳассилин тибқи шакли рӯзонаи таҳсил дар намуди машғулиятҳои таълимӣ ташкил карда шудааст, ки аз рӯзи душанбе то шанбе мувофиқи ҷадвали дарсҳо гузаронида мешавад. Ҳар нимсола ду маротиба, яъне дар ҳафтаҳои 7 ва 14 - назорати дохилӣ дар намуди тестгирии компьютерӣ ва як маротиба дар интиҳои ҳар семестр - имтиҳони ҷамъбастӣ дар намуди тестгирии кмопьютерӣ сурат мегирад. Мувофиқи нақшаи таълимӣ ҳамасола навиштани корҳои курсӣ аз як фанни асосии таълимӣ, ҳамчунин гузаштани таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳ пешбинӣ карда шудааст.
ШАКЛИ ҒОИБОНАИ ТАҲСИЛ
Муҳлати таҳсил дар шакли ғоибона 5 солро ташкил медиҳад. Барои донишҷӯёни шакли таҳсили ғоибона раванди таълим тибқи реҷаи классикии таҳсилот ба роҳ монда шудааст: соле ду маротиба сессияи санҷишӣ-имтиҳонотӣ месупоранд ва дар давраи байнисессиявӣ донишҷӯён дар асоси нақшаи таълимӣ мустақилона ба азхудкунии фанҳои таълимӣ ва навиштани корҳои хаттӣ машғул мешаванд. Раёсати Донишгоҳ ба донишҷӯёни таҳсили ғоибона имконоти гирифтани машварат аз устодон, истифода намудани комплексҳои таълимӣ-методӣ, истифода кардани сарчашмаҳои таълимии электрониро, ки дар сомона ва китобхонаи электронии донишгоҳ ҷо дода шудаанд, фароҳам меорад.
Мувофиқи нақшаи таълимӣ ҳамасола навиштани корҳои курсӣ аз як фанни асосии таълимӣ, ҳамчунин гузаштани таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳ пешбинӣ карда шудааст.