Таҳсилоти фосилавӣ

МАРКАЗИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ

Шӯъбаи ғоибонаи Донишгоҳи Давлатии Данғара бо қарори шӯрои олимони донишгоҳ аз 29.09.2014 таҳти №02 ва фармоиши ректори донишгоҳ аз 01.10.2014 таҳти рақами №74 дар назди раёсати таълим ташкил карда шудааст. Аз сентябри соли 2016 бо қарори шӯрои олимони донишгоҳ номи Сектори кор бо донишҷӯёни таҳсилоти ғоибона ва фосилавиро гирифтааст. Аз соли 2023 сар карда тибқи сохтори нави Донишгоҳи давлатии Данғара Маркази таҳсилоти фосилавӣ номгузорӣ карда шуд. Таълим дар Маркази таҳсилоти ғоибона ва фосилавӣ аз рӯи ихтисосҳои соҳаи омӯзгорӣ, иқтисодӣ ва аграрӣ ба роҳ монда шудааст. Донишҷӯён аз рӯи 4 ихтисос (1-210501-08- Забон ва адабиёти рус, 1-101010206- Таҳсилоти томактабӣ. Равоншиносии амалӣ, 1-25010731 – Иқтисодиёт дар корхонаҳои комплекси агросаноатӣ, 1-740201- Агрономӣ) дар Марказ ба таҳсил фаро гирифта шуда буданд. Лозим ба ёдоварист, ки маркази мазкур фаъолияташро дар заминаи Оинномаи донишгоҳ, Низомномаи маркази таҳсилоти фосилавӣ ва ғоибона ва дигар санадҳои ҳуқуқию меъёрии соҳаи маориф ба роҳ мондааст.

Шумо метавонед ба сомонаи таҳсилоти фосилавӣ ворид шавед:

fosilavi.dsu.tj