Курсҳои сертификатсионӣ

ДАР ДОИРАИ ҲАМКОРИҲОИ СУДМАНД БО АКАДЕМИЯИ ДАВЛАТИИ АГРАРИИ ПРИМОРЕ

Ҷиҳати татбиқи “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 -2020”,  дар доираи ҳамкориҳои судманди тарафайн бо Академияи давлатии аграрии Приморе, бо мақсади гузаронидани курсҳои омӯзиши забони русӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон ва кормандони маъмурӣ, тибқи шартномаи дуҷониба аз санаи 4 то 14 марти соли 2019, устоди таълимгоҳи олии номбурда, Богаченко Татьяна Геннадевна ба донишгоҳ ташриф овардааст. 

 

Бояд қайд кард, ки устоди номбурда оид ба мавзӯи “Ҷанбаи меъёри забони муосири руси” (“Нормативный аспект современного русского языка) ба кормандони кафедраи забон ва адабиёти рус, нозир-ҳуҷҷатнигорони ҳукумати электронӣ, семинари махсус гузаронида истодаанд.

 Ҳамзамон Богаченко Т. Г. Дар доираи сафари кориашон ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умимии ноҳия ташриф оварда, Академияи давлатии аграрии Примореро муарифӣ намуда, довталабонро барои қабул шудан ба таълимгоҳи олии номбурда ҷалб намуданд.