Озмун ва олимпиадаҳо

ИШҒОЛИ ҶОЙИ АВВАЛИ ДОНИШҶӮИ КУРСИ 4-УМИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА ДАР ОЛИМПИДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”

Соли шашум аст, ки бо ташаббуси Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷумҳуриявӣ Олимпидаи донишҷӯёни Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои дарёфти “Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” вобаста ба соҳаҳои гуногуни илм баргузор мегардад. Рӯзҳои 14-15 марти соли 2019 Олимпидаи мазкур аз рӯйи 13 соҳаи илм баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 300 нафар донишҷӯ аз Муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохили кишвар иштирок намуданд.

 

Тоирзода Суҳроб Тоир – донишҷӯйи курси 4-уми, ихтисоси сохтмони гидоротехникӣ, факултети муҳандисӣ ва идораи биржаҳои байналмилалии истеҳсолии Донишгоҳи давлатии Данғара аз равияи Сиёсатшиносӣ (Политология) ғолиби ҷойи аввал гардид. Ба ғолибони Олимпида Дипломи дараҷаи аввал ва Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.