Сохтори кафедраи ҳарбӣ

  • Нурализода Парвиз Нуралӣ
  • Сардори кафедраи ҳарбии ДДД
  • Полковники ВМ ҶТ
  • 13.01.1983 с.т., Ҷумҳурии Тоҷикистон    
  • Email: ismatullo83@mail.ru
  • Тел: (+992) 8331222850
  • Суроға: н.Данғара, кӯчаи Марказӣ 25, Б2/306

 

Нурализода Парвиз Нуралӣ - сардори (мудири) кафедраи ҳарбии Донишгоҳи давлатии Данғара. 13-уми январи соли 1983 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (собиқ ноҳияи Москва) таваллуд шудааст.  соли 2001 ба Донишкадаи ҳарбии Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2005 бо ихтисоси “Фармондеҳи тактикии қӯшунҳои артиллерӣ” хатм намудааст. Полковники Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

 

  • ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ:
  • Солҳои 2001-2005 – курсанти Донишкадаи ҳарбии Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Солҳои 2005-2006 – командири взводи таълимии миномётии батареяи артиллерии кисми ҳарбии 08010;
  • Солҳои 2006-2008 – командири взводи артилерии батареяи худгарди артиллерии дивизиони худгарди артиллерии кисми ҳарбии 87740;
  • Солҳои 2008-2009 – командири батареяи идоракунии қисми ҳарбии 87740;
  • Солҳои 2009-2010 – ёрдамчии калони сардори зершуъбаи банақшагирии фаврии қисми ҳарбии 87740;
  • Солҳои 2010-2012 – сардори зершуъбаи амалиётӣ-банақшагирӣ, муовини сардори ситоди қисми ҳарбии 87740;
  • Солҳои 2012-2014 – муовини сардори қисми таълимӣ, муаллими калони кафедраи ҳарбии филиали Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон; 
  • Солҳои 2014-2017 – сардори сикл, муаллими калони сикли тайёрии тактикӣ-оташфишонии кафедраи ҳарбии Донишгоҳи давлатии Данғара;
  • Аз 14.02.2017 то 27.06.2017 – муваққатан иҷрокунандаи вазифаи комиссари ҳарбии комиссариати ҳарбии ноҳияи Данғара;
  • Солҳои 2017-2018 – комиссари ҳарбии комиссариати ҳарбии ноҳияи Данғара;
  • Солҳои 2018-2019 – комиссари ҳарбии комиссариати ҳарбии ноҳияи Фархор;
  • Аз 03.07.2019 то 14.09.2019 – сардори хадамоти зиреҳпӯши қисми техникии қисми ҳарбии 87740;
  • Солҳои 2019-2021 – сардори қисми таълим, муовини сардори кафедраи ҳарбии Донишгоҳи давлатии Данғара;
  • Аз соли 2021 то ба ҳол - сардори кафедраи ҳарбии Донишгоҳи давлатии Данғара.

 

Дар кафедраи ҳарбии Донишгоҳи давлатии Данғара мувофиқи ҷадвали штатӣ 10 воҳиди корӣ мавҷуд буда, 10 афсару прапоршик кору фаъолият менамоянд.

ҲАЙАТИ АФСАРОН ВА ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРАИ ҲАРБӢ:

  1. Нурализода Парвиз Нуралӣ - полковник, сардори кафедраи ҳарбӣ;
  2. Раҳмонзода Фирӯз Валихон - полковник, сардори қисми таълим, муовини сардори кафедраи ҳарбӣ;
  3. Амруддинзода Шодмон Амруддин - полковник, сардори сикл, муаллими калони сикли тайёрии тактикӣ;
  4. Ҳамидзода Фахриддин Мирзокарим - полковник, сардори сикл, муаллими калони сикли тайёрии умумиҳарбӣ;
  5. Самизода Ҳасан Наҷм - майор, сардори сикл, муаллими калони сикли тайёрии техникӣ;
  6. Турахонзода Бахтиёр Турахон - полковник, муаллими калони сикли тайёрии умумиҳарбӣ;
  7. Умарзода Зиёратшо Сафаралӣ - подполковник, сардори сикл, муаллими калони сикли тайёрии оташфишонӣ;
  8. Камолзода Искандар Абдулло - подполковник, муаллими калони сикли тайёрии оташфишонӣ.

 

Афсарони эҳтиётӣ (омӯзгорон):

  1. Саидов Суҳроб Саидович - лейтенанти эҳтиётӣ, муаллими сикли тайёрии оташфишонӣ.

 

Прапоршикон:

  1. Арзиқулов Ҷумъахон Ҳамроқулович - прапоршики калон, иҷрокунанда, масъул оид ба корҳои кадрӣ ва махфӣ.

 

Кафедраи ҳарбии Донишгоҳи давлатии Данғара дорои 4 сикл мебошад:

  1. Сикли тайёрии техникӣ;
  2. Сикли тайёрии оташфишонӣ;
  3. Сикли тайёрии техникӣ;
  4. Сикли тайёрии умумиҳарбӣ.

 

Кафедраи ҳарбӣ донишҷӯёнро аз рӯи ихтисоси бақайдгирии ҳарбӣ (ВУС) 021001 Командири взвод дар МҶП-2 ба ба машғулиятҳо фаро мегирад.