Шуъбаи омода намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ

ШУЪБАИ ОМОДА НАМУДАНИ КАДРҲОИ ИЛМӢ ВА ИЛМӢ-ПЕДАГОГӢ

Шуъбаи омода намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии Донишгоҳи давлатии Данғара самти корҳои илмӣ-татқиқотии донишгоҳро дар асоси санадҳои меъёрию-ҳуқуқии амалкунанда, аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ”, Консепсияи миллии таҳқиқоти илмии мақсаднок оид ба масъалаҳои рушди инсон, таъмини минбаъдаи принсипҳои демократӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ барои солҳои 2013-2028-и, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисто аз 10.02.2016, №66 ”Дар бораи низомномаи магистратура” ва ғайра ба роҳ мондааст.

Дар ҳамин асос вобаста ба нақшаи кории донишгоҳ, нақшаи кории шуъбаи омода намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ барои соли хониши 2023-2024 тасдиқ гардидааст.

Яке аз омилҳои ба танзим даровардани таълим дар макотибҳои олӣ ин дуруст тартиб додани ҷадвалти дарсӣ дар асоси тақсимоти соатҳо ва графики таълимӣ мебошад, ки ин раванди фаъолият пеш аз оғози соли таҳсил аз тарафи шуъбаи омода намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ амалӣ гаштааст. Ҷадвали дарсии шуъба дар вақти таъиншуда ба танзим дароварда шуда, бо шуъбаи таълими донишгоҳ мувофиқа карда шуд. Дар он ҳамагуна талаботҳои меъёрӣ ба назар гирифта шудааст.

Яке аз самтҳои муҳими иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ фаъолияти магистрантон мебошад. Дар шуъбаи омода намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ айни ҳол 131 нафар магистрант   ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки аз онҳо 63 нафарро духтарон ва 68 нафарашон писарон ташкил медиҳанд. Аз миқдори умумии магистрантон 25 нафар ба тариқи буҷавӣ ва 58 нафар ба тариқи шартномавӣ таҳсил намуда истодаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз миқдори умумии зикргардида 20-нафар магистрантони курси 2-юм аз сафи магистрантон хориҷ карда шудаанд.

Ҷадвали теъдоди магистрантони кусҳои 2-юми шуъбаи омода намдунаи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ дар соли таҳсили 2023-2024

Ҷадвали теъдоди магистрантони кусҳои 1-уми шуъбаи омода намдунаи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ дар соли таҳсили 2023-2024

Дар шуъбаи омода намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ вобаста ба талаботи раёсати донишгоҳ ҳамаи фанҳое, ки дар сессияи тобистона имтиҳон доштанд, саволномаҳо мураттаб гардонида шуда, камбидиҳо ислоҳ карда шудаанд  ва магистрантон пеш аз имтиҳон аз онҳо самаранок истифода бурданд.

Дар раванди қабули имтиҳон аз рӯи саволномаҳои пешниҳод намудаи устодон камбудие  ба назар намерасид. Бо сабаби таъкиди ҳаррӯзаи раёсати донишгоҳ ва ба тариқи варақаҳои ҷавобии хаттӣ қабул гаштани имтиҳонот омӯзгорони дарсдиҳанда саривақт ба магистрантон саволномаҳоро дастрас намуданд.

Иҷроиши нақшаҳои инфиродии курсҳои 2-юм 60-фисад дар ҳоли иҷроиш қарор дошта, нақшаҳои инфиродии курсҳои 1-ум барои пур намудан ба кафедраҳои алоқаманд супорида шудаанд.

Дар нимсолаи якуми соли таҳсили 2023 маҷмуаи мақолаҳои магистрон дар 4-бахш ба табъ расид, ки аз 322 саҳ иборат аст. Барои нимсолаи дуюми соли таҳсили 2023 (сентябр-декабр) миқдори мақолаҳои магистрон ҷамоварӣ гашта дар ҳоли таҳрир ва таҳия қарор дорад.

Маҷмуаи мақолаҳои магистрантони Донишгоҳи давлатии Данғара. - Душанбе: "Дониш", 2023. - 322 саҳ.

  

Корҳои илмӣ- таҳқиқотии магистрантон таҳти назорати ҷиддӣ қарор дошта, ба кафедраҳои марбут дар ҳамкории зич аст.

Тибқи нақшаи таълимӣ машғулиятҳо ба анҷом расида ҷадвали имтиҳонии сесияи авали соли таҳсили 2023-2024 тартиб ва тасдиқ гардидааст.