Кафедраи физика ва география

  • Ризоев Сироҷиддин Ғуломович
  • Номзади илмҳои техникӣ
  • 20.06.1966 с.т., Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Email: rizoev1966@mail.ru
  • Тел: (+992) 988055788
  • Суроға: н.Данғара, кӯч. Марказӣ 25, Б4/211

 

Ризоев Сироҷиддин Гуломович — мудири кафедраи физика ва географияи Донишгоҳи давлатии Данғара. 20 июни соли 1966 дар ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст. Соли 1987 ба шуъбаи рӯзонаи Донишкадаи ба номи Т.Г. Шевченкои шаҳри Душанбе дохил шуда, онро соли 1992 бо ихтисоси физика-астрономия хатм кардааст. Ризоев Сироҷиддин Ғуломович дар мавзуи «Таъсири филт ба хосиятҳои гармӣ ва электрикии хӯлаҳои алюминий-мис-сурма» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

  • ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ:
  • Солҳои 1992-1993 – муаллими мактаб-интернати ноҳияи Восеъ;
  • Солҳои 1993-1997 – омӯзгори кафедраи фанҳои умумитехникии техникуми Энергетикии шаҳри Қурғонтеппа;
  • Солҳои 1998-2001 – мудири кафедраи Энергетикаи Коллеҷи Энергетикии шаҳри Қурғонтеппа;
  • Солҳои 2001-2003 – аспиранти шӯъбаи ғоибонаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ;
  • Солҳои 2011-2012 – дотсенти кафедраи барқии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар шаҳри Қурғонтеппа;
  • Солҳои 2012-2013 – мудири кафедраи фанҳои риёзӣ-табиӣ ва сохтмони  гидротехникии филиали ДАТ дар ноҳияи Данғара;
  • Солҳои 2013-2016 – мудири кафедраи «Сохтмони гидротехникӣ ва мелиоратсия»- и факултети техникии Донишгоҳи давлатии Данғара;
  • Солҳои 2017-2018 – мудири кафедраи физика ва технологияи муосири иттилоотӣ   Донишгоҳи давлатии  Данғара;
  • Солҳои 2020-2023 – мудири кафедраи «физикаи умумӣ ва  татбиқӣ»-и  Донишгоҳи давлатии Данғара;
  • Аз 1 майи соли 2023 то имрӯз – мудири кафедраи физика ва географияи Донишгоҳи давлатии Данғара.