Кафедраи забонҳои хориҷӣ

    Бегиев Изатулло Шарипович
   
   
Мудири кафедраи назария ва амалияи забонҳои хориҷӣ
   
    E-mail:
    Телефон: +992 908 444414

 

Дар кафедраи назария ва амалияи забонҳои хориҷӣ 10 нафар омӯзгор ба таълиму тадриси донишҷӯён ва корҳои илмию тадқиқотӣ машғуланд. Аз онҳо 1 нафар номзади илм, 3 нафар саромӯзгор, 6 нафар ассистент ва 1 нафар нозир-ҳуҷҷатнигор  мебошанд. Ҳайати профессорон ва омӯзгорони кафедра ба донишҷӯёни тамоми  ихтисосҳои донишгоҳ машғулият мегузаронанд. Равияи илмии кафедра «Таҳқиқи типологии забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ» мебошад.

Дар кафедраи назария ва амалияи забони англисӣ мавзӯъҳои истилоҳшиносӣ, луғатшиносӣ, савт, сарфу наҳв, услубиёти вожаҳо  мавриди таҳқиқ қарор доранд.

Омӯзгорони кафедра ба корҳои илмию тадқиқотии зерин: «Семантический анализ лексики отражающие растительный мир в таджикском, английском языках», «Категорияҳои феъл дар забони тоҷикӣ ва англисӣ», «Категорияи инкор дар забони англисӣ ва дар забони шуғнонӣ», «Предложения с транзитивными глаголами в английском и русском языках», «Таҳлили луғавӣ-маъноӣ ва сохтории истилоҳоти туризм ва меҳмондорӣ дар соҳаи туризм дар забони англисӣ ва тоҷикӣ», «Алоқаҳои синтаксисӣ дар забони англисӣ ва тоҷикӣ» машғул мебошанд. 

Ҳайати профессорон ва омӯзгорони кафедра дар самти корҳои илмию татқиқотӣ бо чунин олимони марказҳои илмӣ ва муассисаҳои таълимии ватанӣ Парвона Ҷамшед, Маҳмадназар Абдусалом, Саймуддин Ҷоматов, Тағоева Табассум, Хоҷаева Сураёхон, Зайниддин Мухторӣ, Саидов Ҳалимҷон ва Айниддин Холиқзода ҳамкориҳои илмӣ доранд.

 

Номгӯи ихтисосҳои амалкунандаи назди кафедраи назария ва амалияи забонҳои хориҷӣ дар соли таҳсили 2018-2019 (дараҷаи таҳсилот – бакалавр)

Рамз

Номгӯйи ихтисосҳо

Номи кафедра

Касб

Муҳлати таҳсил

1-21060102

Забони хитоӣ (тарҷума)

Назария ва амалияи забонҳои хориҷӣ

Тарҷумон

4

1-21050208

Забонҳои хориҷӣ (забони англисӣ)

Назария ва амалияи забонҳои хориҷӣ

Муаллими забони
англисӣ

4