Кафедраи забон ва адабиёти рус

   

    Ҷаборов Абдулло Нуруллоевич
   

    Мудири кафедраи забон ва адабиёти рус
    E-mail: maqsadjon.davlatov@inbox.ru
    Телефон: +992 987104505

 

Кафедраи забон ва адабиёти рус соли 2005 дар заминаи кафедраи забонҳо таъсис дода шуда, бо мақсади таъмини намудани эҳтиёҷоти соҳаи маориф бо омӯзгорони забон ва адабиёти рус дар мактабҳои миллӣ фаъолияташро ба роҳ монд.

Аз фаъолияти кафедра имсол 15 сол сипарӣ мешавад. Дар ин давра ба кафедраи олимону омӯзгорони соҳибтаҷриба З. Мирзоев (солхои 2005-2009), М.Т. Тоҳиров (соли 2009-2011), номзади илми педагогика Д.Ҷ. Ғафурова (соли 2011-2013), номзади илми филология, А.А. Сайдмамадов (соли 2013-2015) саромӯзгор Б.К. Солиев (соли 2015-2016), саромӯзгор М.Р Файзов. (2016-2016), саромӯзгор А.Н. Ҷаборов (солхои 2017-2018) номзади илми филология А.Ш. Шарипова (соли 2018-2018) ва номзади илми педагогика И.С. Салимов (2018-2019) сарварӣ намуданд. Алъон роҳбарии кафедра ба уҳдаи саромӯзгор М.И. Давлатов вогузор карда шудааст.

Кафедраи забон ва адабиёти рус ҳамқадами таълимгоҳ буда, дар таълиму тарбияи кадрҳои баландихтисос аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад.

Мақсади таъсиси кафедра ба роҳ мондани таълими забон ва адабиёти рус аз рӯи нақшаи синхронӣ ва диахронӣ буда, дар як вақт амали гардонидани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти омӯзиш ва амали намудани “Барномаи давлатии омузиши забонҳои хориҷӣ”, алалхусус забони русӣ мебошад.

Дар ибтидо омӯзгорон М.Т. Тоҳиров, Шаҳло Турдиева, О. Аламуродова, М.Р. Файзов, М.И. Давлатов, С. Раҳимбеков ба фаъолияти кафедра равнақи тоза бахшиданд. Дар кафедра як муддат омӯзгорон Рухшона Маҳкамова ва шодравон Диана Самигулова кор карда, дар рушди кафедра ҳиссагузор шуданд. 

                                         http://dsu.tj/Content/files/0c21d762-baa7-46a9-a727-6941aab4a915.png

                                                                 суханронии мудири кафедра дар рафти ҷаласаи кафедра

Фаъолияти илмӣ­тадқиқотӣ ва таълимӣ-методии кафедраи забон ва адабиёти рус васеъ буда, он дар доираи омӯзиши забони рус дар тамоми ихтисосҳои Донишгоҳ мувофиқи нақшаи таълими амалӣ карда мешавад.

Ҳайати омӯзгорони кафедра ба ҷуз амалӣ намудани барномаҳои таълимии ихтисоси забон ва адабиёти рус дар мактабҳои миллӣ, инчунин дар чорабиниҳои гуногуни умумидонишгоҳӣ, конференсияҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ фаъолона иштирок менамоянд.

Кафедра бо дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, чун Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикстон ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва муассисаҳои таълимии миёнаи умумии ноҳияи Данғара робитаҳои самарабахш дорад. Омӯзгорон донишҳои назариявии худро бо шогирдон дар муассисаҳои таълимӣ дар амал татбиқ менамоянд.

                                                        Фаъолияти илмӣ-тадқиқотии кафедраи забон ва адабиёти рус

                                          http://dsu.tj/Content/files/57d793d1-fb50-4d82-965d-3f859b3c7cfd.png

Дар кафедра ҷиҳати омӯзиши фанҳои элективӣ – таърихи забони русӣ, назария ва амалияи тарҷума, робитаҳои адабӣ, услубшиносӣ, фразеология, ки дар тақвият бахшидани нутқи шифоҳӣ ва хаттии шогирдон саҳми арзанда доранд, маводҳои мултимедӣ ҷамъоварӣ шудааст. Омӯзгорони кафедра дар чорабиниҳои илмӣ ширкат варзида, бо маърӯзаҳои ҷолиб баромад менамояд. Аз ҷумла,  соли 2017 омӯзгори кафедра А.Н. Ҷаборов дар форуми ҷумҳуриявие, ки аз ҷониби ташкилоти байналмиллалии “Русский мир” (Ҷаҳони халқи рус) дар шаҳри Душанбе ташкил гардид, ширкат намуда, бо диплом қадрдонӣ шуд. Бояд қайд намуд, ки дар ин форум шева ва усулҳои навини интерактивии таълим аз тариқи технологияҳои инноватсионии “Видеодарсҳо” пешниҳод шуданд.

Дар кафедра маҳфили фаннӣ таҳти унвонии “Ловите момент” (Фурсат дарёб) амал мекунад, ки чорабиниҳои он бо роҳу усулҳои нави таълим, чун мизи муддавр, намоишҳои театрикунонидашуда, бозиҳои расмии касбӣ, маҳорати наттоқӣ баргузор мешаванд.

Дар доираи Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи озмуни “Фуруғи субхи доноӣ...” аз ҷониби кафедра як силсилачорабиниҳои илмӣ-фарҳангӣ гузаронида шудааст, ба мутолиаи осори классикони рус афзалият дода шуд.

Аз ҷониби ҳайти омӯзгорони кафедра ва аъзои маҳфили “Ловите момент” (Фурсат дарёб) бахшида ба 74-солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) намоишномаи театрикунонида-шударо омода шуда, пешниҳоди тамошобинон гардид. Қайд намудан зарур аст, ки ин намоишнома бо забони ноби русӣ таҳия гардида, ҷолибу хотирмон ба саҳна гузошта шуд.

Айни замон дар кафедра 17 нафар омӯзгор, аз ҷумла 4 нафар саромӯзгор ва 13 ассистент ба фаъолияти пуршарафи омӯзгорӣ машғуланд. Аз ин арқом 9 нафарро омӯзгори штатӣ ва 8 нафарро ҳамкорон (3 нафар ҳамкорони дохилӣ ва 5 нафар ҳамкорони беруна) ташкил менамоянд.

 

Номгӯи ихтисосҳои амалкунандаи назди кафедраи забон ва адабиёти рус ва маҳорати суханварӣ дар соли таҳсили 2018-2019 (дараҷаи таҳсилот – бакалавр)

Рамз

Номгӯйи ихтисосҳо

Номи кафедра

Касб

Муҳлати таҳсил

1-020304

Забон ва адабиёти рус дар мактабҳои миллӣ

Забон ва адабиёти рус

Муаллими забон ва адабиёти рус дар мактабҳои миллӣ

4