Тарбияи ҷисмонӣ, ташаккули имиҷ ва мудофиаи шаҳрвандӣ

    

    Зарифов Насрулло 
   
    Мудири тарбияи ҷисмонӣ, ташаккули имиҷ ва мудофиаи шаҳрвандӣ
    Телефон: +992 985 709571

 

Дар кафедраи тарбияи ҷисмонӣ, ташаккули имиҷ ва мудофиаи шаҳрвандӣ 1-нафар саромӯзгор, 8-нафар ассистент, 1-нафар нозир-ҳуҷҷатнигори ҳукумати электронӣ  фаъолият  мекунанд.

Мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ, ташаккули имиҷ ва мудофиаи шаҳрвандиро Саидов Суҳроб ба уҳда дорад.

Дар кафедраи мазкур аз 2 фанни таълими дарс дода мешавад, ки тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ.

Мавзӯи кафедраи тарбияи ҷисмонӣ, ташаккули имиҷ ва мудофиаи шаҳрвандӣ “Системаи машқҳои варзиши дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад, ки тибқи мавзӯъи зикршуда, ҷамъи омӯзгорон кор бурда дар соли 2018 дар конференсияи ҷумҳуриявии дохилидонишгоҳӣ баргузор гардид, ки оид ба мавзӯъи кафедра 3 мақолаи илми ба табъ расид.

Ҳамкории судмандӣ кафедраи зикршуда бо олимони донишгоҳҳои олии кишвар аз ҷумла Донишкадаи тарбияи Ҷисмонӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва дигар донишгоҳҳои олии кишвар ҳамкори дорад, ки дар якҷоягӣ бо олимони донишгоҳҳои зикршуда, омӯзгорони каффедраи тарбияи ҷисмонӣ, ташаккули имиӣ ва мудофиаи шаҳрвандии Донишгоҳи давлатии Данғара мақолањои дар сатҳи баланд аз чоп баровардаанд.

Ба маълумоти Шумо мерасонам, ки рўзӣ 13-14.04.2019 мусобиқаи минтақавӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, марҳилаи дуюм оид ба гуштини миллӣ ва шоҳмот дар шаҳри Кӯлоб баргўзор гардид, ки дар мусобиқаи гуштини миллӣ 7-писар аз вазни 60кг то 90кг+ ширкат варзида, бо як маҳорати хуби варзишӣ сафқат намуда, ҷойи 2-юмро ишғол намуданд.

Инчунин дар бозии шоҳмот 4-писар ва 4-духтар иштирок намуда, маҳорати хуби шоҳмотбозӣ нишон дода, 3-писар ва 2-духтар сазовори ҷойҳои 1-ум гардида, 1-писар ва 2-духтар ҷойи 2-юмро ишғол намуданд

Инчунин аз миёни донишҷӯне, ки дар гуштини миллӣ ширкат варзиданд 1-нафар ва аз намуди шоҳмот бошад 4-нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара, маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, онҳоро барои иштирок дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ шомил намуданд.

Боиси ифтихор аст, ки донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара дар марҳилаи дуюми мусобиқаи минтақавӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касби Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзида, соҳиби 5-ҷои 1-ум ва 10-ҷои дуюм, ҷамъ 15-ифтихорнома ба Донишгоҳ ворид намуданд.