Кафедраи технология ва стандартизатсия

   

    Фирузи Сулаймонӣ
   

    Мудири кафедраи технология ва таъмини сифати маҳсулоти саноатӣ
    E-mail: fsulaymoni@mail.ru
    Телефон: +992 931 238-338

 

Дар кафедраи технология ва таъмини сифати маҳсулоти саноатӣ 14 нафар омӯзгорон ба таълиму тадриси донишҷӯён ва корҳои илмию тадқиқотӣ машғуланд. Аз онҳо 2 нафар номзадҳои илмҳои техникӣ ва боқимонда 12 нафар саромӯзгор ва ассистент мебошанд.  Ҳайати профессорон ва омӯзгорони кафедра ба донишҷӯёни ихтисосҳои 74060200, 50010101, 50010102, 50010103, 74060100-3601, 74060200, ки кафедра масъули ҳатми ин ихтисосҳо мебошад, машғулият мегузаронанд ва ба донишҷӯёни дигар ихтисосҳо аз рӯи фанҳои умумиихтисосӣ дарс медиҳанд. 

Дар кафедраи ТН ва Д  мавзӯъҳои «Мукамалгардонӣ ва тадқиқоти механизмҳои сайёравии фриксионии ҳаракатовари узвҳои кории мошинҳои ҳосилғундор бо параметрҳои тағйирёбанда ва водилаи таркибӣ (0114ТI00390),   мавриди таҳқиқ қарор доранд.

Омӯзгорони кафедра муаллифони китобҳои дарсӣ ва монографияҳои илмии  «Геометрияи тасвирӣ, графикаи муҳандисӣ ва компютерӣ» Раҷабов Н.Р. Душанбе  -2016,    мебошанд.

Омӯзгорони кафедра ба корҳои илмию тадқиқотии зерин: “ Коркард ва  татқиқоти  мошинаҳои  ғаллатозакунӣ аз  рӯи каммасрафии энергия   ва  нишондиҳандаҳои баланди  сифат  дар  шароити  даштҳои  Данғара”   машғул мебошанд. 

Кафедра дар раванди татбиқи барномаи дастгирӣ ва ҷустуҷӯи истеъдодҳо чунин корҳоро ба роҳ мондааст: 

1.Патентҳо-14;

2. Иштироки донишҷӯён дар конференсияҳо-2.
Ҳайати профессорон ва омӯзгорони кафедра дар самти корҳои илмию татқиқотӣ бо  олимони марказҳои илмӣ ва муассисаҳои таълимии ватанӣ: Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон , Донишгоҳи инноватсионӣ ва менеҷменти Кӯлоб, Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хисрав, Донишкадаи энергетикии ш. Қурғонтеппа ва хориҷи кишвар, Донишгоҳи миллии технологияҳои ғизоии Киев (Украина); Донишгоҳи миллии меъморию сохтмонии Киев (Украина)  ҳамкориҳои илмию методӣ доранд.

Аз шумораи  умумии омӯзгорони кафедра н.и.т. Раҷабов Н.Р. бо ифтихорномаи ДДД ва ДМЗО Ровнои Украина ва н.и.т. Исоев У.П. бо ифтихорномаи  Вазорати  маориф ва илмӣ Ҷумҳурии  Тоҷикистон  сарфароз гардида шудаанд.

 

Номгӯи ихтисосҳои амалкунандаи назди кафедраи технология ва таъмини  сифати маҳсулоти саноати сабук дар соли таҳсили 2018-2019 (дараҷаи таҳсилот – бакалавр)

Рамз

Номгӯйи ихтисосҳо

Номи кафедра

Касб

Муҳлати таҳсил

1-50010103

Коркарди аввалин ва ресидани тору пуд

Технология ва таъмини  сифати маҳсулоти

саноати сабук

Муҳандис-технолог

         4

1-740601- 2501

Муҳандис-мошинсоз-менеҷмент

Технология ва таъмини  сифати маҳсулоти саноати
сабук / Таъмини  бехатарии иқтисодиёт, менеҷмент ва идораи лоиҳаҳо

Муҳандис-мошинсоз-менеҷмент

         5

1-54010104

Метрология, стандаткунонӣ ва сертификатсия (саноати сабук)

Технология ва таъмини  сифати маҳсулоти саноати
сабук

Муњандиси саноати сабук

         4

1-36080102

Мошинҳо ва дастгоҳҳои саноати бофандагӣ

Технология ва таъмини  сифати маҳсулоти
саноати сабук

Муҳандис-механик

         4

1-50010101

Ресидани нахи табиӣ

Технология ва таъмини  сифати маҳсулоти
саноати сабук

Муҳандис-технолог

         4

1-50010 1-0200

Ресидани нахи химиявӣ

Технология ва таъмини  сифати маҳсулоти
саноати сабук

Муҳандис-технолог

         4

1-740602

Таъминоти техникии равандҳои нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ

Технология ва таъмини  сифати маҳсулоти
саноати сабук

Муҳандис

         4

1-36040203

Электроникаи техникаи автомобилӣ

Технология ва таъмини  сифати маҳсулоти
саноати сабук

Муҳандис-электроник

         4

1-50010106

Технологияи корхонаҳои дӯзандагию нассоҷӣ

Технология ва таъмини  сифати маҳсулоти
саноати сабук

Муҳандис-технолог

         4

1-50010203

Технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ мувофиқи фармоиши инфиродӣ

Технология ва таъмини  сифати маҳсулоти
саноати сабук

Муҳандис

         4