Шуъбаи кор бо ҷавонон

ШУЪБАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ИДОРАИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН

 

    

    Саидзода Музаффар Маҳмадшариф
    Мудири шуъбаи кор бо ҷавонон
    E-mail: muzaffar.Saidzoda@mail.ru
    Телефон: +992 987 22 22 11

 

Ҷавонон нерӯи созанда ва қувваи пешбарандаи ҷомеа ба шумор мераванд. Аз рӯҳияи ҷавонони Тоҷикистони азизамон эҳсос мегардад, ки онҳо дар омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир беш аз ҳар вақти дигар кӯшиш карда, нерӯи худро бо ташаббусу ибтикороти шоиста барои пешрафту ободии Ватани маҳбубамон сарф карда истодаанд (суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таҷлили Рӯзи Дониш, Донишгоҳи давлатии Данғара, 01.09.2016).

Шуъбаи кор бо ҷавонон ва идораи сиёсати давлатии ҷавонон фаъолияташро дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Данғара дар самти сиёсати давлатии кор бо ҷавонон роҳандозӣ намудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ Шуъба дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи донишгоҳ ҷиҳати дастгирии донишҷӯён, аз ҷумла, таъмини шароити мусоид ҷиҳати зист дар хобгоҳ, баланд бардоштани сифати таълим ва самарабахшии таҳсилот, расонидани кумакпулиҳо ба ятимону маъюбон ва бепарасторон дар арафаи ҷашнвораҳои давлатӣ иқдом варзида, як силсила тренингу семинарҳо ва мизҳои мудавварро дар самти тақвият бахшидани нерӯи зеҳнии донишҷӯён, ихтирооту навгониҳо, пешгирии амалҳои номатлуб аз қабили даст задан ба амалҳои коррупсионӣ, шомилшавии донишҷӯён ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию тундгаро, ҷинояту ҷинояткорӣ баргузор намудааст.

Мо, ҷавонон пайваста сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ ва дастгирї намуда, тамоми нерӯи созандаро дар пешрафту тараққиёти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат сарф хоҳем намуд.