ҲИМОЯИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА

ҲИМОЯИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА

ХУШХАБАР!

Санаи 21-уми ноябри соли 2023, соати 13:30 омӯзгори кафедраи педагогика ва психологияи Донишгоҳи давлатии Данғара РУСТАМИ АБДУҶАББОР рисолаи номзадии хешро дар мавзуи «Фарҳанги хонавода ва тарбияи иқтисодии наврасон дар шароити иқтисоди бозорӣ», таҳти роҳбарии н.и.п., муовини директори Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи А. Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Лутфуллоева Парвина Маҳмадуллоевна, аз рӯйи ихтисоси 13.00.01 – Педагогикаи умумӣ таърихи педагогика ва таҳсилот, дар Шурои муштараки диссертатсионии 6D.КОА-022 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон бо муваффақона дифоъ намуд.  
Раёсати донишгоҳ устоди азизро барои ин муваффақият самимона табрик гуфта, ба ӯ сарбаландӣ, тандурустӣ ва дар корҳои минбаъдаашон комёбиҳои беназиро таманно дорад.