БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ИЛМИИ ДОНИШҶУЁНИ НАЗДИ КАФЕДРАИ МОЛИЯ ВА ФАЪОЛИЯТИ БОНКӢ

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ИЛМИИ ДОНИШҶУЁНИ НАЗДИ КАФЕДРАИ МОЛИЯ ВА ФАЪОЛИЯТИ БОНКӢ

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ИЛМИИ ДОНИШҶУЁНИ НАЗДИ КАФЕДРАИ МОЛИЯ ВА ФАЪОЛИЯТИ БОНКӢ

Тибқи нақшаи тасдиқшудаи маҳфили илмии донишҷуёни назди кафедраи молия ва фаъолияти бонкии факултети молия ва иқтисод санаи 21.11.2023 маҳфили илмӣ байни донишҷуёни курсҳои 2-юм ва 3-юм дар мавзӯи “Заминаҳои бавуҷудоӣ ва шаклгирии равандҳои таварррумӣ” баргузор гардид. Дар кори маҳфил сармутахассиси раёсати илм ва инноватсия Ҳамидов Ф.А., мудири кафедраи молия ва фаъолияти бонкӣ н.и.и., дотсент Сафаров Қ.С., муаллимони калон Мениқулов С.М., Қувватзода С.С. ассистентон Мирзоев А.М., Аҳроров С.Ҳ., Ҳусейнзода А.Ф. ва як қатор аъзоёни ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултет иштирок намуданд. Дар раванди маҳфил як қатор донишҷӯён бо мавзуҳои гуногун таваҷҷуҳи нишастагонро ҷалб намуданд. Ба монанди:

  • 1. Дар мавзӯи: “Маҳфуми таваррум ва таърихи пайдоиши он” сухангӯ донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 1-25010402-Кори бонкӣ Маҳмадзода Лайло;
  • 2. Дар мавзӯи: “Тартиби ченкунии таваррум ва таъсири он ба фаъолияти бонкҳо” сухангӯ донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 1-25010402-Кори бонкӣ Эгамбердиев Манучеҳр;
  • 3. Дар мавзӯи: “Болоравии нарху тарифҳо дар Тоҷикистон” Сухангӯ донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 1-250104-Молия ва қарз Одинаев Сиёвуш;
  • 4. Дар мавзӯи “Сиёсати зиддитаваррумӣ” сухангӯ донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 1-250101014-Тиҷорат дар саноати сабук Абдураҳмонов Ошурбек.   

Нисбати мавзуи мазкур қайд гардид, ки “Бонки осиёии рушд (БОР) дар тағйирёбии пешгӯиҳо оид ба мизони таваррум дар Тоҷикистон барои солҳои 2023 ва 2024 ба самти поинравӣ маълумот дод. Дар гузориши “Шарҳи рушди Осиё”, ки рӯзи 20 сентябр нашр шуд, таваррум дар Тоҷикистон дар соли 2023 дар сатҳи 5,5% ва дар соли 2024 - 6% пешгӯӣ шудааст”. Дар гузориши моҳи апрели БОР афзоиши нархҳои истеъмолӣ ва тарифҳо дар соли 2023 дар сатҳи 7% ва соли 2024 - 6,5% пешбинӣ гардида буд. Дар интиҳои маҳфил саволҳои ҷолиб оиди мавзӯъ бо посухҳои мушаххас байни аъзоёни маҳфил матраҳ гардид.