ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ - РАМЗИ ИСТИҚЛОЛ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ - РАМЗИ ИСТИҚЛОЛ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛӢ

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла Cозмони Милали Муттаҳид дар қатори парчами дигар кишварҳо парафшонӣ мекунад, ки ин аз комилҳуқуқию соҳибихтиёрии кишварамон гувоҳӣ медиҳад.
Парчами давлатӣ бар фарози биноҳои қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат ва дигар ҷойҳо афрохта шуда, парафшонӣ мекунад.
Дар ҳама давру замон ва имрӯз ҳам парчам чун рамз - василаи боло бурдани ҳисси ватандорӣ, ҷоннисорӣ барои ҳифзи марзу буми Ватан, эҳсоси ифтихор аз муқаддасоти кишвар буд ва мемонад. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳам парчамро танҳо ба сарбозони далеру шуҷоъ ва ватандӯст бовар мекарданд. Парчамбардорон пешопеш бо нидоҳои “Барои Ватан!”, “Барои ғалаба!” афсарону аскаронро ба далерию корнамоӣ алайҳи душман даъвату ҳидоят менамуданд.
Табиист, ки баробари ба Истиқлоли давлатӣ расидани Тоҷикистон дар радифи ҳалли дигар масъалаҳо зарурати таҳияи рамзҳои давлатӣ пеш омад. Вакилони мардумӣ дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари рамзҳои дигари давлатӣ - Суруди миллӣ ва Нишони давлатӣ оид ба тарҳи Парчами давлатӣ табодули назар карданд. Ниҳоят 24 ноябри соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон расман соҳиби аввалин рамзи давлатӣ ва соҳибистиқлолии худ - Парчами давлатӣ гардид. Сипас, дар асоси моддаи 3 Конститутсия Парчам дар баробари Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ яке аз рамзҳои давлатӣ эътироф шуд.
Бо дарназардошти ин ва инчунин, ба хотири гиромидошти нақши муассири Парчам дар тарбияи ҳисси худогоҳиву худшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии мардум, бахусус, насли наврасу ҷавонон, соли 2010 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди манораи бузурги парчам дар яке аз мавзеъҳои зеботарини пойтахти кишварамон оғоз ёфт ва он дар арафаи 20-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ифтитоҳ гардида, мавзеи ҷойгиршавии он “Майдони Парчами давлатӣ” номгузорӣ шуд.
Ҳадаф аз бунёди Парчами давлатӣ дар он аст, ки мо бо ин васила дар қалби мардум, алалхусус, насли наврас ва ҷавонон, меҳру муҳаббат доштан ба истиқлол, озодӣ, соҳибихтиёрӣ, рӯйсурхиву сарбаландии миллатамонро, ки дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассум ёфтааст, тарбияву ташаккул диҳем.
Дар паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки: “Рӯйдодҳои охири ҷаҳони муосир нишон медиҳанд, ки воқеаҳои даҳшатноку фоҷиабор, ки дар натиҷаи бархӯрди манфиатҳои қудратҳои сиёсии ҷаҳонӣ ба амал меоянд, барои хатару таҳдидҳои нав, ба монанди вусъат ёфтани фаъолияти гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ замина фароҳам оварда, ба амнияти давлатҳо, аз ҷумла ба фазои орому осоиштаи Тоҷикистони азизи мо таҳдид менамоянд. Аз ин рӯ, мо бояд ба масъалаи суботу амнияти Ватани азизамон ва ҳифзи давлату давлатдорӣ диққати боз ҳам бештар дода, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, манфиатҳои миллии худро ҳифз намоем ва дар зери Парчами давлатӣ ҳамеша муттаҳиду сарҷамъ бошем.”
Боиси ифтихор аст, ки яке аз баландтарин парчамҳои дунё дар пойтахти мамлакати мо - шаҳри Душанбе қомат афрохтааст. Бо шукӯҳи хосса парафшон буда, ба чашм нур мебахшаду ба дил фараҳ. Неруву тавоноиро низ, меафзояд ва касро умедвор мегардонад, дар кишвар сулҳ пойдор ва он аз хавфу хатар эмин мебошад. Дар хусуси Парчами давлатӣ ҳамеша беҳтарин суханҳо ироа мегарданд. Мардум ҳамдигарро бо ин рӯз табрик мегӯянд. Агар Конститутсия бахтномаи миллат бошад, Парчамро метавон сари баланди мардум номид. Бо таҷлил гирифтани Рӯзи Парчами давлатӣ дар қалби ҳар яки мо эҳсоси дӯст доштан ва муқаддас донистани марзу буми Ватан дучанд меафзояд.

Давронзода Бахтовар Даврон
Мудири шуъбаи умумии 
Донишгоҳи давлатии Данғара