ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

"Парчами давлатӣ омилӣ муайянкунандаи ҳувияти миллӣ ва тақвият пайдо кардани ҳисси милливу ифтихори вадандорӣ дар шуури ҳар як фарди бо нангу номуси ҷомеа мебошад".  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

 

Парчами миллӣ имрӯз ҳамчун рамзи давлатдорӣ тоҷикон, рамзи худ огоҳию худшиносӣ,андешаву асолати миллӣ пирӯзиву сарфарозӣ ва ҳувияти азалии мардуми тамаддунофарамон маҳсуб меёбад.

“Парчам” – вожаи  суғдӣ буда, ба  маънии “зулфу кокул” ва ҳамчунин  “пӯпаки абрешимӣ” мӯй ё думи ғаҷгоро  мегуфтанд, ки  ба  сари дирафш  ё найза  мебастанд. Ин  вожа  аз  забони  суғдӣ ба  забони  туркӣ ва  аз  он  ба  забони  форсӣ  роҳ  ёфта  ва  гузашти  замон дирафш низ  гуфта  шудааст. Куҳантарин  намуди  кишвардории тоҷикон  парчаме  бо  номи “Дирафши  Ковиёнӣ” будааст, ки онро  “Ахтари ковиёнӣ” низ  хондаанд.

Парчами  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  моҳи  ноябри  соли 1992  дар  Иҷлосияи  таърихии XVI – и Шурои  Олии Тоҷикистон  қабул карда  шуд. Парчами  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  рамзи  истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебошад ва ин  муқаддасот соли  14 – ум аст, ки  дар  кишвари  соҳибистиқлоли  мо  ҳамчун  ҷашни  умумимиллӣ  бо  шукӯҳу  тантана таҷлил  мегардад. Санаи  қабули  Парчами  Ҷумҳурии Тоҷикистонро  мардуми  кишвар  ҳамчун  ҷашни  умумимиллӣ  аввалин  маротиба  24  ноябри  соли  2009  бо  ифтихор  аз  давлату  давлатдорӣ  ва  соҳибистиқлоливу  соҳибихтиёрӣ  истиқбол  гирифтанд. Дар ҷаҳони  муосир  ҳар  як  давлати  соҳибистиқлолу  соҳибихтиёр  тавассути  парчами  он  муаррифӣ  мегардад.  Аз ин  лиҳоз  эҳтиром  ва  арҷ  гузоштан  ба  парчам  маънои  эҳтирому  арҷгузорӣ  ба  арзишҳои  деринаи  таърихӣ  ва  фарҳангиву  миллӣ  ва  гузашта  аз  ин  эҳтироми  миллат  ва  давлату  давлатдорӣ  мебошад, зеро  парчам  дар  баробари Конститутсия,  Нишон  ва  Суруди  миллӣ  аз  ҷумлаи  муқаддасоти  милливу  давлатӣ  маҳсуб  мешавад. 24  ноябри  соли  2010  бо  иштироки  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  маркази  шаҳри  Душанбе  бунёди  Парчами  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  расман  оғоз  ёфт.

Парчами  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  шаҳри  Душанбе дар баландии  165  метр бардошта  шуда, баландии худи  парчам 30 метр  ва  дарозӣ  ё паҳноиаш  60 метр  мебошад.  Ҳамин  тавр Парчами  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  баробари  шаҳри  Душанбе,  дар бисёр  шаҳру  ноҳияҳои  мамлакат аз он ҷумла  дар шаҳраки Данғара баландии қутраш 150 метр, дарозиаш 18 метр ва бараш 12 метр ва дар деҳаҳои  Пушинг, Хуррамзамин  низ бо  тарҳи   зебо  ва дилкаш  сохта  парафшонӣ  доранд ва гулгаштҳои гирду  атрофи онҳо  ба мавзеи тамошобобу  истироҳатии сокинон  табдил  ёфтааст.

Ҳар чк  фарде, ки  имрӯз  ба  назди  Парчам ва Нишони  миллӣ  меояд,  хуб эҳсос  мекунад, ки  ин  ду  рамз  ифодакунандаи  иқболу  истиқлол,  иттиҳоду  сарҷамъӣ, нангу  номус, ватандӯстиву  ватанпарастӣ  ва  ҳуввияти  мардуми  миллии  куҳанбунёду  фарҳангии  мо  буда, мақсаду  мароми  неки  тоҷиконро  дар  ҷилои  рангҳои  худ  инъикос намудаанд. Парчами  мо  рамзи  ҳаёти  осоишта, ваҳдати  ҷовидонаи  миллӣ  ва  умед  ба  фардои ободи  халқи  Тоҷикистон  аст.

Мардуми  шарафманди  тоҷик  имрӯз  зери  Парчами  ваҳдату  якдилӣ ба  хотири  эъмори  ҷомеаи  мутаммадин  устуворона  қадам  мегузоранд ва  бо  азму  иродаи  созандаи  худ дар  қатори  дигар  муқаддасоти  милӣ  Парчами  давлатии худро, ки  ормони  ҳар  миллати  озодихоҳ  аст,  ҷовидона  муқаддас  медоранд.

Ҳамин тавр, парафшонии Парчам  ҳастии пойдориву устувории Ватану миллат ва давлати тоҷикон  ба ҳисоб меравад.

Бигзор  Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамчун  шӯълаи  имон  ва  оташи  виҷдони ҳар  фарзанди  бонангу  номуси  миллат  то  абад  парафшон  бошад.

  • Эй лоиқи  сад  калом Парчам,
  • Шоистаи  эҳтиром  Парчам.
  • Дар  роҳи  талоши  рӯзгорон,
  • Чун  сангари  нангу  ном  Парчам.
  • Эй рамзи  муқаддаси  диёрам,
  • Ранги  шарафи  диёр  Парчам.

 

  • Азизов Асомиддин
  • Омӯзгори калони кафедраи физика ва географияи
  • Донишгоҳи давлатии Данғара