ЭҲТИРОМИ ПАРЧАМ – ЭҲТИРОМИ МИЛЛАТ АСТ!

ЭҲТИРОМИ ПАРЧАМ – ЭҲТИРОМИ МИЛЛАТ АСТ!

  • ЭҲТИРОМИ ПАРЧАМ – ЭҲТИРОМИ МИЛЛАТ АСТ!
  • (ДАР ЗЕРИ ПАРЧАМ-БОҒИ ПАРЧАМ)

 

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз муқаддасоти расмии кишварамон ба шумор рафта, дар тамоми манотиқи мамлакат нишон аз ваҳдату якдилӣ, сарсабзӣ ва муттаҳидии халқ парафшонӣ менамояд. Бояд гуфт, ки Парчами миллии мо тоҷикон далел аз таърихи чандинҳазорсолаи халқамон мебошад. Парчам аз қадим чун рамзи иттиҳоду ҳамдилии мардум, рамзи ваҳдату ягонагӣ ва мубориза барои озодӣ эътироф гардидааст.Аз сарчашмаҳои таърихӣ маълум аст, ки дар Ливои Куруши Кабир ҳамчун нишонаву далел аз қудрату тавоноӣ тасвири уқоб-парандаи нотарсу далеру баландпарвоз ва тезҳушу тезчашм нақш гардидааст. Гузаштагони баору номус ва ҷасуру диловари мо зери парчам ба ҳам омадаву саф кашида, Ватани маҳбуби хешро ҳимоя мекарданд. Дар парчам ғолибан нишонаҳои асосиву пурарзиши фарҳанги ҳар як халқу миллат, нишонаҳо аз ҷодаҳои таърихии он, рамзҳои соҳибистиқлолӣ инъикос меёбанд.

Вобаста ба тартиби истифодабарии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11-уми декабри соли 1992 “Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 12 майи соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”қабул карда шуд.               

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади эҳтиром ва қадршиносӣ инчунин садоқат ба яке аз рамзҳои асосии давлат- Парчами Тоҷикистонро аз 20- уми ноябри соли 2009 рӯзи 24 ноябрро рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  эълон доштанд ва бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонун”Дар бораи рӯзҳои ид”-ро ба парлумони ҷумҳурӣ пешниҳод намуданд. Дар дуюмин солгарди рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими бунёди манораи бузурги Парчам оғоз гардида, дар давоми як сол  ба анҷом расид.

 Натиҷаи ҳамин буд, ки 30-юми августи соли 2011-ум дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165 метр,ки баландтарин дар ҷаҳон аст, парафшон гардид, ки баландии худи Парчам 30метр ва дарозии он ба 60 метр мебошад. Ҳоло бошад, дар тамоми гушаву канори Ҷумҳуриамон бо ифтихору сарбаландӣ аз давлату давлатдории миллати тамаддунофар ҷашн гирифта мешавад. Хушбахтона, бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ тоҷикон соҳиби парчами миллӣ- яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони тоҷикон гардиданд.

Парчами давлатӣ аз матои росткунҷаи нафису зебои серангаи сурх, сафед ва сабз таркиб ёфтааст, ки ҳар ранг маънои мушаххасро ифода менамояд.

 

            РАНГИ СУРХ- рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлолӣ ба даст омадаро ифода мекунад. Ранги сурх ҳам маънои мисраи зебои Суруди миллӣ: “Зи дурии замонаҳо расидаем”мебошад. Шоир муборизаҳои халқи тоҷикро аз замонҳои қадим ба муқобили аҷнабиён барои ҳастии худ,  ҳимояи фарҳанг ва анъанаву суннатҳои миллӣ тасвир намудааст.

            РАНГИ САФЕД- нишони бахту саодат, умеду орзу, рамзи тозагӣ, покӣ, роҳи сафеди зиндагӣ, ояндаи дурахшони ҷумҳуриро ифода мекунад. Ниёгони мо одамонро ба покизагии виҷдон, адлу инсоф ҳидоят мекарданд. Инчунин ранги сафед рамзи хубию хушнудӣ низ мебошад.

            РАНГИ САБЗ нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни Парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлоламон мебошад. рамзи табиати сабзу ҳамешабаҳори мо, сарсабзию хуррамии кишварро тасвир мекунад. Ранги сабз–ранги баҳор, сабзишу шукуфтанҳо ва оғози корҳои кишоварзӣ мебошад.

            ТОҶдар мобайни Парчами давлатии мо тоҷи ҳафт ситорадор таҷассум ёфтааст, ки нишона аз тоҷдорию давлатдории сарбаландонаи тоҷикон аст. Тоҷ рамзи истиқлолияту озодии кишвар. Ҳафт ситора–рамзи ҳафт қабати осмон, ҳафт бародарон, ҳафт диёри таърихии Тоҷикистон Суғду Хатлону Бадахшон, Ҳисору Рашту Зарафшон ва Вахши зарнисор аст.

Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчами он муаррифӣ мегардад. Аз ин рў, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад, зеро парчам дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди Миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти милливу давлатӣ маҳсуб мешавад.

Муҳаббат ва эҳтироми Парчами миллии мо бояд дар қалби ҳар фарди бонангу номус маъво дошта бошад ва ўро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд. Яъне эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлатии соҳибистиқлоли тоҷик, рисолати таърихӣ, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа мебошад.

Ҳамин  тавр Парчами  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  баробари  шаҳри  Душанбе,  дар тамоми минтақаҳои Хатлону Бадахшону Суғд ҷилвагар аст. Яке аз инҳо дар ноҳияи файзбори Данғара ҳам парафшони менамояд, аз он ҷумла  дар шаҳраки Данғара, деҳаҳои  Пушинг, Хуррамзамин  низ бо  тарҳи   зебо  ва дилкаш  сохта  парафшонӣ  доранд ва гулгаштҳои гирду  атрофи онҳо  ба мавзеи тамошобобу  истироҳатии сокинон  табдил  ёфтааст.

Дар зери Парчами боломақом боғи парчамҳо ифодагари аз иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми сарҷамъро нишон дода , волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

Баландии манораи ин сарзамин 65метр ,дарозии парчам 18 метр ва бари он 9 метр мебошад. Ҳар як фарди бонангу номус ва ватандўсту ватанпарвари тоҷик аз Парчами миллии худ ифтихор менамояд, эҳтироми онро ҳамчун рамзи давлату давлатдорӣ ва озодиву истиқлоли Ватан ба ҷо оварда, қадру манзалат ва нақшу  эътибори онро ба наслҳои имрўзу оянда талқин менамояд. Ин рӯзи хотирмон дар тамоми корхонаҳову донишгоҳу донишкадаҳо, муассисаҳову ташкилотҳои ҷамъиятӣ парафшони намуда, ҷашн гирифта мешавад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки  дар муассисаҳо идораҳои давлатӣ хоҷагиҳо, то ҳатто хонаҳои шахсӣ дар автомобилҳо Парчамро рамзи хушбахтию хурсандӣ маънидод менамоянд.

Мардуми  шарафманди  тоҷик  имрӯз  зери  Парчами  ваҳдату  якдилӣ ба  хотири  эъмори  ҷомеаи  мутамадин  устуворона  қадам  мегузоранд ва  бо  азму  иродаи  созандаи  худ дар  қатори  дигар  муқаддасоти  милли  Парчами  давлатии худро, ки  ормони  ҳар  миллати  озодихоҳ  аст,  ҷовидона  муқаддас  медоранд.

Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун рамзҳои муқаддаси ватани соҳибистиқлол ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳнатпарасти кишвар доимо парафшон бошад.

Ба тамоми сокинони Ватани маҳбубамон таманнои онро дорем, ки Парчами Тоҷикистон ҳамеша ҷилвагар бошаду  дар фазои орому осудаи Ватани азизамон ҳамеша парафшон монад ва мардуми бонангу номуси моро ба фардои неку дурахшон роҳнамоӣ намояд.

 

  • Давлатова У.М., мудири шуъбаи табъу нашри Донишгоҳи давлатии Данғара
  • Шаробова М.Қ., сармуҳаррири шуъбаи табъу нашри Донишгоҳи давлатии Данғара