"ТАНЗИМИ ҚУРБИ АСЪОР ҲАМЧУН ОМИЛИ ФАЪОЛГАРДОНИИ ИҚТИСОДИЁТ"

"ТАНЗИМИ ҚУРБИ АСЪОР ҲАМЧУН ОМИЛИ ФАЪОЛГАРДОНИИ ИҚТИСОДИЁТ"

Дар асоси нақшаи кории кафедраи молия ва фаъолияти бонкии факултети молия ва иқтисод санаи 25.11.2023 семинари илмӣ-амалӣ дар мавзуи "Танзими қурби асъор ҳамчун омили фаъолгардонии иқтисодиёт" бо иштироки Усмонов Ғуфрон Абдуқаҳҳорович - сармутахассиси шуъбаи назорати асъори Бонки миллии Тоҷикистон ва Махшулов Саидхуҷа Ҷумаевич - н.и.и., дотсенти кафедраи фаъолияти бонкии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисодии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар баргузории семинар намояндаи раёсати илм ва инноватсияи ДДД Тоирзода М., мудири кафедраи молия ва фаъолияти бонкӣ Сафаров Қ.С., мудири шуъбаи ҷавонони донишгоҳ Абдуназарзода К. ва як қатор омӯзгорон, ассистентон ва донишҷӯёни факултети мазкур ширкат варзиданд. Мавриди қайд аст, ки мӯҳтарам Усмонов Ғ.А. раванди тағйирёбии қурби асъор ва ҳариду фуруши асъорро ба васитаи платформаи бозори асъор тавасути сомонаи интернетӣ дар Бозори ҷаҳонӣ (Мировые рыки) нишон доданд. Дар интиҳони семинар саволу ҷавобҳои ҷолиб бо посухҳои қонеъкунанда сурат гирифт.