НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР САНОАТИКУНОНИИ СОҲАИ КИШОВАРЗИИ МАМЛАКАТ ВА БАЛАНД БАРДОШТАНИ САМАРАНОКИИ ИСТИФОДАИ ЗАМИН

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР САНОАТИКУНОНИИ СОҲАИ КИШОВАРЗИИ МАМЛАКАТ ВА БАЛАНД БАРДОШТАНИ САМАРАНОКИИ ИСТИФОДАИ ЗАМИН

Тибқи “Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо ва семинарҳо дар Донишгоҳи давлатии Данғара барои соли 2023” рӯзи 25 ноябри соли 2023 конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Нақши Пешвои миллат дар саноатикунонии соҳаи кишоварзии мамлакат ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи замин” баргузор гардид. 
Дар конференсия олимони варзидаи соҳаи кишоварзӣ, академик Толиб Набиев, докторони илмҳои кишоварзӣ профессоронии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур Норов М.С., Мирзоахмедов Ш.Р., устодону донишҷўёни Донишгоҳи давлатии Данғара иштирок доштанд. Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ сардори раёсати илм ва инноватсия Расулзода Б.Р. кушода, оид ба заминаҳои рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон таҳти роҳбарӣ ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумоти мухтасар дод. 
Қайд карда шуд, ки кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз соҳаҳои муҳимтарини иқтисоди миллӣ буда, таъмини ҳадафи стратегии Ҳукумат, яъне амнияти озуқавории мамлакат, асосан ба сатҳи рушди он вобастагии амиқ дорад. Тавре ки ба ҳамагон маълум аст, бо барҳам хўрдани низоми ягонаи идоракунии раванди истеҳсолот як қатор мушкилот дар соҳа ба миён омад, ки ҳалли онҳо пеш аз ҳама заминаи моддию техникиро тақозо менамуд. Дар заминаи пешниҳодоту дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолии кишвар соҳаи кишоварзӣ ҳамчун заминаи асосӣ ва муҳимтарини пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ ва таъмини зиндагии шоиста ба сокинони мамлакат рў ба пешравӣ ниҳода, дар муддати кўтоҳи таърихӣ ба як зумра дастовардҳои наҷиб ноил гардид.
Академик Толиб Набиев оид ба дастовардҳои имрўзаи кишоварзон дар парвариши ҳосили баланди зироатҳо, дастгирии ҳамаҷонибаи роҳбарияти олии мамлакат дар самти истифодаи самараноки заминҳои обӣ, заминҳои истеҳсоли зироатҳои ғалладонагӣ ва роҳҳои баланд бардоштани ҳосили ин зироати муҳими озуқаворӣ суханронӣ намуд. 
Профессор Норов М.С. доир ба парвариши зироатҳои равғандиҳанда: офтобпараст, кунҷид, зағир, маъсар дар шароити заминҳои обӣ ва лалмӣ маълумоти муфассал дода, асосҳои илмию амалии гирифтани ҳосили баланди зироатҳои равғандиҳандаро дар шароити имрўзаи кишоварзӣ иброз намуданд.
Профессор Мирзоахмедов Ш.Р. оид ба асосҳои илмию амалии парвариши чорвои калони шохдор дар шароити хоҷагиҳои давлатию хонаводаҳо, парвариши зотҳои чорво, роҳҳои афзоиш ва заминаҳои гирифтани маҳсулоти баланди чорво маърўзаи муфассал намуданд. 
Аз ҷониби олимони кафедраҳои факултети аграрӣ ва амнияти озуқаворӣ Расулзода Б.Р., Ҳафизов А.А., Музафарзода Д.М., Шарипов М.А., Шарифзода Ҷ.Ш., Ҳалимов Х., Мирализода Ҷ.Р. ва дигарон дар қисмати асосӣ ва бахшҳои конференсия маърўзаҳои ҷолиб оид ба мавзуъҳои мухталифи соҳар растанипарварӣ ва чорводорӣ пешниҳод карда шуданд. Қобили зикр аст, ки аз ҷониби иштирокчиёни конференсия таваҷҷуҳи зиёд ба масъалаҳои баррасигардида зоҳир карда шуда, саволу ҷавоб ва музокироти судманд сурат гирифт. 
Аз ҷониби олимони факултет ташкил кардани конференсияҳои илмию амалии байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва донишгоҳӣ, семинарҳо ва маҳфилҳои илмӣ бо ҷалби олимону мутахассисони дохил ва хориҷи кишвар, инчунин ҳамкориҳо бо роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара дар самти кишоварзӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Ташкил кардани конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявии “Нақши Пешвои миллат дар саноатикунонии соҳаи кишоварзии мамлакат ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи замин” хеле муҳим ва амри воқеӣ ба ҳисоб меравад. Барномаи чорабинии мазкур як зумра маърўзаҳои пурмуҳтавои олимони соҳаи растанипарварӣ ва чорводорӣ, аз ҷумла даҳҳо мақолаҳои олимони Федератсияи Русия, Қазоқистон ва дигар кишварҳоро дар бар мегирад, ки бешубҳа метавон онро ҳамчун конференсияи байналмилилӣ муаррифӣ намуд. 

Расулзода Б.Р., н.и.к., сардори раёсати илм ва инноватсия