ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БО МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ҶУМҲУРИИ ХАЛҚИИ ХИТОЙ

ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БО МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ҶУМҲУРИИ ХАЛҚИИ ХИТОЙ

Раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара дар доираи сиёсати маорифпарварона ва сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри густариши робитаҳои байналмиллалӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар тадбирҳои муассир андешида истодааст.

Бо назардошти дар ноҳияи Данғара, вилояти Хатлон ва Минтақаи Озоди Иқтисодии Данғара фаъолият намудани корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Хитой ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозорои озоди меҳнати ватанӣ ва байналмилалӣ, бо ташаббуси бевоситаи ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Алимов Насим Олимович ба шаҳри Янчени Ҷумҳурии халқии Хитой сафари корӣ анҷом дод.

Дар ҳошияи сафари корӣ, масоили таъсиси факултаи муштараки тоҷикӣ-хитоӣ ва Маркази омӯзиши фарҳанг ва забони хитоӣ дар Донишгоҳи давлатии Данғара тибқи шартномаи дуҷонибаи байни Донишгоҳи технология ва илми Хунани Ҷумҳурии халқии Хитой ва Донишгоҳи давлатии Данғара, баррасӣ гардида, санадҳо ба имзо расонида шуд.

 Пайки наве аз идомаи густариши робитаҳои байналмилалӣ бо бонуфӯзтарин муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии халқии Хатой ҳамчун дастоварди навбатӣ, ба коллективи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Данғара фархунда бод!