БОЗ ХУШХАБАР!!! ПАНҶУМИН ҶОИЗАИ ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ БА ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА ОВАРДА ШУД!

БОЗ ХУШХАБАР!!! ПАНҶУМИН ҶОИЗАИ ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ БА ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА ОВАРДА ШУД!

Дар соли аввали баргузории Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат», ки таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров роҳандозӣ шудааст, Донишгоҳи давлатии Данғара соҳиби ҷоиза гардид.
Оламафрӯзи Илҳомҷон – донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси таърих.ихтисоси иловагӣ (омӯзгори асосҳои давлат ва ҳуқуқ), факултети идоракунии давлат ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Данғара дар миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) сазовори ҷойи сеюм, Диплом ва мукофотпӯли дар ҳаҷми 25 000 сомонӣ гардид.
Ғолибони Озмунро дар майдони Парчами давлатӣ Раиси ноҳияи Данғара – Раҳмон Исломиддин Хайриддин, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара, ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ, ҳайати профессорон, кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯён дар фазои мутантан бо суруру шодӣ ва гулдаста гарму самимӣ истиқбол намуданд.

Дастоварди мазкур 5-умин ҷоизаи озмунҳои ҷумҳуриявии таҳти сарпарастии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ба хазинаи ҷоизаҳои Донишгоҳи давлатии Данғара ворид гардид.