«УСУЛҲОИ ҲОЗИРАЗАМОНИ ТАЪЛИМИ ЗАБОНИ РУССӢ ҲАМЧУН АМАЛИЯИ НАЗАРИЯВИИ ЗАБОНИ ХОРИҶӢ»

«УСУЛҲОИ ҲОЗИРАЗАМОНИ ТАЪЛИМИ ЗАБОНИ РУССӢ ҲАМЧУН АМАЛИЯИ НАЗАРИЯВИИ ЗАБОНИ ХОРИҶӢ»

Дар асоси ҳамкориҳои мутақобилан судманди миёни давлатҳои Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти «маориф ва таҳсилот» дар санаи 05.12.2023 семинари илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Усулҳои ҳозиразамони таълими забони руссӣ ҳамчун амалияи назариявии забони хориҷӣ» гузаронида шуд. Семинари мазкур дар ҳошияи ҳамкориҳои дутарафаи Донишгоҳи давлатии Данғара ва Кумитаи ҳамкориҳои хориҷии Санкт-Петербург ва бо ташаббуси шуъбаи ҳамкориҳои байналмиллалӣ ва факултети филология ва рузноманигорӣ баргузор гардид.
Семинарро тренери байналмиллалӣ ва методисти маркази таълимии «Златоус» Бекезина Татьяна Анатольевна ба тариқи интерактивӣ гузаронид.
Бояд тазаккур дод, ки семинари мазкур барои баланд бардоштани маҳорату малакаҳои омӯзгорони забони русӣ роҳандозӣ шуда, роҳу усул ва методҳои муосир дар раванди омӯзиши забони руссӣ аз ҷониби тренер барои шунавандагон пешниҳод гардид.