ИШТИРОК ВА МУВАФФАҚИЯТИ НАМОЯНДАГОНИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА ДАР БОЗИИ МИЛЛИИ КОРИ СУДӢ

ИШТИРОК ВА МУВАФФАҚИЯТИ НАМОЯНДАГОНИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА ДАР БОЗИИ МИЛЛИИ КОРИ СУДӢ

Санаи 08.12.2023 дар доираи барномаи “Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолат”, ки аз ҷониби Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид (UNDP) дастгирӣ меёбад, “Бозии миллии кори судӣ” ташкил карда шуд. Бозии мазкур аз 2 давр иборат буда, даври якум асосноккунии хаттӣ, даври дуюм асосноккунии шифоҳӣ. 

Дар бозии болозикр 5 даста аз факултетҳоли ҳуқуқшиносии Тоҷикистон, аз қабили Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Руссияву Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев ва Донишгоҳи давлатии Данғара ширкат доштанд. 

Аз Донишгоҳи давлатии Данғара 5 нафар донишҷӯни ихтисоси фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети идоракунии давлат ва ҳуқуқ, Собиров Ильёсҷон, Навруззода Исмоилбег, Розиқова Кибриё, Тоирзода Фаризабону, Раҷабова Шукрона ва 2 нафар омӯзгорон Шарифӣ Дилбар ва Шодиев Комрон ширкат варзиданд.

 Рафти бозии миллии кори судиро судяҳои Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамуданд. Дар интиҳо аз рӯи баҳогузориҳо маълум гардид, ки дастаи Донишгоҳи давлатии Данғара “Беҳтарин дастаи суханвар” эътироф шуда, ҷоиза ба донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети идоракунии давлат ва ҳуқуқ Навруззода Исмоилбег супорида шуд. Ҳамчунон тамоми иштирокчиёни ҳамоиши болозикр ба сертификат ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.