БАРГУЗОРИИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТИ ТАБИӢ-РИЁЗӢ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ МУОСИР

БАРГУЗОРИИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТИ ТАБИӢ-РИЁЗӢ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ МУОСИР

Санаи 14.12.2023 Ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултети табиӣ-риёзӣ ва технологияи муосир дар мавзуи “Бионика ҳамчун илми муосир” баргузор гардид. Дар чорабинӣ мудири кафедраи биология ва биотехнология Амиров А., мутахассиси раёсати илм ва инноватсия Маҳмадалиев У.М., роҳбари Ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултет Муқаддасов У., омӯзгорони кафедра ва аъзои доимии ҷамъият аз ҳисоби донишҷӯёни факултет ширкат доштанд.
Оғози чорабиниро роҳбари Ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултет Муқаддасов Умед ифтитоҳ бахшида, маърузачиёнро муаррифӣ намуд. Гуфта шуд, ки Бионика илмест, ки принсипи ташкилёбӣ ва фаъолияти ҳаётгузаронии организмҳои зиндаро дар зинаи молекулавӣ, ҳуҷайрагӣ, организми популятсионӣ ва биогеосенотикӣ меомӯзад.
Дар доираи мавзуи болозикр 4 нафар аз донишҷӯён: Анзураи Бахтиёр, Эмомова Ганҷина, Холматова Шабнам ва Остонаева Маҳбуба – донишҷӯёни курси 2-юми ихтисоси Биология. Химия баромад намуданд.
Донишҷӯён дар рафти чорабинӣ фаъолнокӣ нишон дода, ба маърузакунандагон саволҳо пешниҳод намуданд. Дар хотимаи чорабинӣ музокира ва саволу ҷавоб доир гардида, саволдиҳандагон ба саволҳои худ ҷавобҳои аниқ гирифтанд.