СОҲИБВАТАН БУДАН ХУШБАХТӢ ВА ИФТИХОРИ БУЗУРГ АСТ

СОҲИБВАТАН БУДАН ХУШБАХТӢ ВА ИФТИХОРИ БУЗУРГ АСТ

“Вазъияти ниҳоят ҳассосу ноороми ҷаҳон мову шуморо водор мекунад, ки нисбат ба ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем, дар ғафлат намонем, манфиату зарари худро дар гуфтору амали хеш дуруст дарк кунем, ба қадри бузургтарин неъмату дастовардҳои зиндагиамон-истиқлолияту озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ ва Ваҳдати миллӣ расем”.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Раванди ҷаҳонишавӣ ва фазои босуръат тағйирёбандаи ҷаҳон, ки дар ҳар гӯшаву канори олам муноқишаҳои мусаллаҳона ва амалҳои террористиро ба вуқӯъ меоранд, ҳушдор месозанд, ки беш аз пеш ҳомии сулҳу ваҳдат ва якпорчагии Тоҷикистони соҳибистиқлол бошем ва муттаҳиду тифоқ гардем. Хушбахтона, бо талошҳои ҷонфидоёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва даҳҳо фарзандони сарсупурдаи тоҷик ниҳоят, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ имзо шуда, оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик гардидани онро шоҳид шудем.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир дар миқёси ҷаҳонӣ шумораи ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ рӯ ба афзоиш ниҳодааст, ки хеле нигаронкунанда мебошад. Ҳадафи асосии ин гуна ташкилотҳои ифротӣ пеш аз ҳама халалдор сохтани вазъи орому тинҷи мамлакатҳои дунё аст, ки дар натиҷа имконияти хуби расидан ба мақсадҳои ғаразнокашон фароҳам мешавад. Мутаассифона, фаъолияти бархе аз гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ, ки ҳадафашон ноором сохтани фазои сулҳу суботи Тоҷикистон аст, ба амнияти давлату миллат таҳдид мекунанд. Аз ин лиҳоз, ҳар як шаҳрванди баору номуси кишварро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳад, манфиатҳои милливу давлатиро ҳимоя намояд ва саҳми худро дар пешрафту ободонии сарзамини аҷдодӣ гузорад. Аммо, монанди оне, ки панҷ панҷа баробар нест, бархе аз ашхос тамоман дигар мақсаду маром доранд.

Вақтҳои охир гурӯҳҳои ифротӣ дар шабакаҳои интернетӣ фаъолтар гашта, ният доранд фазои сулҳу оромии кишвари азизамонро халалдор созанд. Онҳо барои дар амал татбиқ намудани ниятҳои ғаразноки худ қарор додаанд, ки бо ҳар гуна роҳу воситаҳои ғайриқонунӣ баъзе аз ҷавонони чаласаводу ноогаҳ аз моҳияти аслии дини исломро ба сафҳои худ кашанд ва дар дили онҳо нафрат нисбати Ҳукумати қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой диҳанд.

Боиси хушнидї ва ифтихор аст, ки имрӯз аксарияти ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия ёфта, ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ доранд. Замоне фаро расидааст, ки бояд мо бо тамоми ҳастӣ дарк намоем, ки амалҳои террористӣ ба ҳаёти осоиштаи ягон мамлакат бетаъсир набуда, он ба руҳияи миллату давлатҳо таъсири манфӣ мерасонад. Ногуфта намонад, ки пешрафти босуботи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, кушода шудани корхонањои нави саноатї, бењтар шудани сатњи зиндагонии сокинони кишвар ҳамаҷониба эҳсос мегардад ва нигоњ доштани чунин самти рушд минбаъд низ ба фазои орому осиштагии комил мусоидат менамояд.

Барои ин гурӯҳҳо ва афроде, ки шомили онанд, ягон муқаддасот арзиш надорад. Онҳо бо мағзи тирагаштаи худ ба ҳеҷ арзиш ва ҳастии инсоният эҳтиром намегузоранд. Аз ҷумла, ин зуҳуроти номатлуб ба Тоҷикистони соҳибистиқлол низ осебрасон буда, бархе аз шаҳрвандонро ба буҳрони гумроҳию нофаҳмӣ рӯ ба рӯ месозад. Ин ҳодисаҳо моро бори дигар ҳушдор медиҳад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, барои ҳифзи сулҳу ваҳдат ва амнияти кишвари маҳбубамон ҷаҳду талоши бештар варзем.

Хусусан насли ҷавонро мебояд, ки пойбанди ғояҳои пучу беарзиш ва фирефтаи ҳар гуна равияҳову ҷараёнҳои хатарзои ҷомеа нагарданд. Ҳамеша ин суханони гуҳарбори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бояд дар хотир орем, ки: “Терроризм ва террорист ватан, забон, нажод ва дин надорад...”.

Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки соҳибватан будан хушбахтӣ ва ифтихори бузург аст. Ва ба қадри ин неъмати бебаҳо - яъне Ватан ва истиқлолияти он расидан масъулияти аз ин ҳам бузургтар мебошад.  Аз ин рӯ аз ҳар як шаҳрванди кишвар тақозо мегардад, ки ба арзишҳои муқаддаси миллӣ, Истиқлолият ва суботу оромиши Ватани аждодиямон пайваста арҷ гузорем ва онҳоро гиромӣ дорем.

Раҳматзода Бахтовард – н.и.и., мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ  ва андозбандии факултети молия ва иқтисодии Донишгоҳи давлатии Данғара.